00:32:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳалокати 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Вардуҷ

Дар пасманзари даргириҳо дар Вардуҷи Афғонистон ва ҳалокати чаҳор шаҳрванди кишвар дар онҳо, марзбонони Тоҷикистон вазъ дар манотиқи марзӣ бо Афғонистонро "муқаррарӣ" арзёбӣ карданд.

marzi-afghan5454545Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи 9-уми сентябр дар сӯҳбат ба мо гуфт, "ҳарчанд вобаста ба рӯзи Истиқлолият, ҳайъати нерӯҳои марзбонӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд ва таҳкими марз "пурзӯр" карда шудааст, аммо вазъ ором аст."

Ба гуфтаи вай, марз бо кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Афғонистон дар рӯзҳои таҷлили иди Истиқлол, баста нест, аммо назорати он тавассути нерӯҳои марзбонӣ тақвият дода шудааст.

Сухангӯи идораи марзбонии Тоҷикистон дар мавриди амалиёт дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, гуфт, ки нерӯҳои марзбонии тоҷик ба ҳаводиси он тарафи марз дахолате надоранд ва танҳо дар пайи ҳифзу ҳимояи марзи давлатӣ ҳастанд. Хушнуд Раҳматуллоев мегӯяд, дар хатти марз ҳеҷ гуна "таҳаввул"-е ба мушоҳида намерасад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои расида, амалиёти нерӯҳои давлатии Афғонистон дар улусволии Вардуҷи вилояти Бадахшон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон идома доштааст.

Аҳмад Ҷовид Салим, намояндаи расмии мақомоти низомии афғон ба шабакаи радиоии "Салом, Ватандор" гуфтааст, ки "амалиёти нерӯҳои афғон дар улусволии Вардуҷ бомуваффақият идома дорад ва то кунун 24 тан аз афроди ёТолибон кушта шудаанд, ки 4 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд."

Давлат Муҳаммад Ховар, раҳбари улусволии Вардуҷ низ ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳамакнун 6 деҳа аз тасарруфи гурӯҳҳои мусаллаҳ озод шуда ва амалиёят дар панҷ рустои дигар идома дорад.

Гуфта мешавад, дар чанд соли ахир дар вилояти Бадахшони Афғонистон шумораи зиёде аз афроди мусаллаҳи ғайриқонунӣҷамъ омаданд, ки иддае хориҷӣ ҳастанд. Аммо бо вуҷуди амалиётҳои густардаи мақомоти Афғонистон ин гурӯҳҳо куллан саркӯб карда нашуданд.

Қаблан низ мақомоти низомии Афғонистон чанд дафъа аз таҷаммӯъи нирӯҳои толиб, бо шумули ҷангиёни тоҷикистонӣ, дар улусволии Вардуҷ ва қасди онҳо барои убур аз марз гузориш дода буданд.Вале бо итнки ин сарусадоҳо чанд сол боз идома доранд, то ҳол ягон мавриди убури дастаҷамъонаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба ин сӯ Омӯ мушоҳида ё сабт нашудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли 1370 километр марзи муштарак дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi