20:09:01 04-уми Июни 2025 сол

Ҳафтаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон оғоз шуд

Ин ҳафта аҳзоби сиёсӣ, ба истиснои Ҳизби халқӣ – демократӣ номзадҳои худро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.

uchastkai-4385988Рӯзи 17 сентябр - Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби аграрӣ, 18 сентябр - Ҳизби сотсиалист, 20 сентябр – Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 21 сентябр – Ҳизби сотсиал – демократ ва 23 сентябр – Ҳизби коммунист анҷуманҳои ғайринавбатии худро баргузор ва номзадҳояшонро эълон хоҳанд кард. Ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ 4 окятбр анҷумани худро баргузор мекунад.

Бино ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, яке аз 12 субъекте ба шумор меоянд, ки ҳуқуқи пешниҳод кардани номзад ба мақоми президентро доранд.

9 сентябр ИНИТ – Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, эътилофи таҳти раҳбарии ҲНИТ ва ҲСДТ ва ҳудуди 30 созмони ҷамъиятиву шахсиятҳои матраҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова, яке аз фаъолони сиёсӣ ва раҳбари созмони «Перспектива +» - ро номзади ягона эълон карда буд. ҲНИТ ва ҲСДТ бояд номзадии ӯро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) пешниҳод кунанд.

Дар гузашта созмонҳои поёнии ҲХДТ эълон дошта буданд, ки бо раҳбари кунунии ҳизб ва президенти феълӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба сабқати интихоботи президентӣ хоҳанд рафт.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон санаи интихоботи президенти Тоҷикистонро дар рӯзи 6-уми ноябр таъин кардааст. Мӯҳлати пешбарии номзадҳо ба КМИР 7-уми октябр ба анҷом мерасад. Ҳизбҳо барои номзадҳояшон бояд 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъ оранд, ки 5% аз шумори умумии интихобкунандагони Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854