19:54:58 04-уми Июни 2025 сол

Боздошти писари сафири Тоҷикистон дар Беларус

Хадамоти гумруки фурудгоҳи Душанбе писари сафири Тоҷикистон дар Беларусро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд.

arest-47125886Як манбаъ дар фурудгоҳ, ки нахост номашро гирем, ба мо гуфт, Қоимдод Қоимдодов бо иттифоқи ҳамсараш Муштарӣ Муборакшоева субҳи 16 сентябр тариқи рейси 631 – и Душанбе – Маскав ҳангоми гузаштан аз расмиёти гумрукии фурудгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони гумрук боздошт шуданд. Вай афзуд, онҳо вақте мавриди шакк қарор гирифтанд, ки дар бағочи онҳо мошини тафтишоти коло маводи шубҳаангезеро нишон дод ва вақте бағочро боз карданд, аз «махфигоҳ» - и махсус сохташудаи он 2,5  кило маводи мухаддир ошкор шуд. Бино ба ин манбаъ, зану шавҳар ҳоло дар боздоштгоҳи Хадамоти гумруки Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус аст. Вай дар шаҳри Минск дар вазифаи референти додгоҳи  иқтисодии Беларус кор мекунад. Манобеъи расмӣ мегӯянд, билети зану шавҳар барои шаҳри Минск тариқи транзит аз Маскав гирифта шуда буд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854