19:58:29 04-уми Июни 2025 сол

Пайкараи Спитамен дар ноҳияи ҳамномаш пардакушоӣ шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик ва яке аз абармардони майдони пайкор Спитаменро пардакушоӣ кард. Сарвари давлати Тоҷикистон зимни як суханронӣ, ки чанд лаҳза баъди пардабардорӣ аз пайкара эрод намуд, Спитаменро "намунаи диловариву қаҳрамонӣ ва мардонагиву ватандӯстӣ" номид.

spitamen muloqot 4578Вай аз корномаҳои Спитамен ёд кард ва афзуд: "Мақоми ӯ ба унвони лашкаркаши беҳамто миёни ҳамзамонон ба ҳадде нуфуз пайдо карда буд, ки ҳатто Искандари Мақдунӣ бо ҳамаи бузургӣ ва манзалати сиёсиву ҳарбии хеш дар симои ин қаҳрамони миллии мо рақиби тавоно ва лашкаркаши зираку қавиро эътироф намуда, афзалияти усули ҷангии ӯро дар миёни сарлашкарони юнонӣ борҳо ситоиш кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори умед кард, ки "майдони муҷассамаи ӯҷойгоҳи ҳамоиши дӯстон, макони таблиғи корномаҳои диловариву оини ватандорӣ ва садоқат ба Ватан хоҳад буд".

Бино ба гузориши дафдари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар Сардори давлат ҳамчунин дар ноҳияи Спитамен аз мактаб - интернатбарои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат, якчанд корхонаи истеҳсолӣ, аз дармонгоҳи хусусии ташхису табобат дар деҳаи Саидқӯрғони Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бо харҷи беш аз се миллион сомонӣ бунёд гардидааст, дидан кард ва як муассисаи нави тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

ӯзгор"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854