02:49:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Сӯхтор дар бешазори деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод

Тибқи иттилои Абдураҳим Раҷабов, директори ташкилоти ҷамъятии Маркази пасткунии хавфи ҳолатҳои фавқулода, ки соати 19-и бегоҳии рӯзи 12-уми октябр бо идораи сомонаи «Рӯзгор» аз наздикиҳои ҷои ҳодиса дар тамос шуда буд, дар ҷангали атрофи деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод дар масоҳати тақрибан панҷ ҳазор метри мурабаъ сухтор бо суръат масоҳати зиёдеро фаро гирифта истодааст.

sukhtor-nurobod-454545Ба гуфтаи сокинони ноҳияи Нуробод сухтор тахминан соати 12-и рӯз шурӯъ шудааст ва то ҳоло ягон ниҳоде ва ё қуввае кӯшиши фурӯ нишондани онро накардааст. Деҳаи Яхч дар рӯ ба рӯи километри 129-уми шоҳроҳи Душанбе –Нуробод, дар тарафи чапи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Мо, аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» дар як тамоси телефонӣ соати 19-ву даҳ дақиқа аз навбатдори Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хостем дар ин маврид иттилои бештаре бигирем.

Аммо навбатдор лейтенанти калон Азизов Ҳасан иброз дошт, ки онҳо дар бораи сӯхтор дар ҷангали Яхч умуман хабар надоранд. Айнан ҳамин суханонро ба мо навбатдори Хадамоти оташнишонӣ (телефони 01) майор Шарипова Гулноз изҳор дошт. Вале ҳарду ниҳод ҳам ба мо барои огоҳ кардани онҳо аз ин ҳодиса изҳори миннатдорӣ карданд.

Соати 21-у 45 дақиқа Абдураҳим Раҷабов бори дигар бо сомонаи «Рӯзгор» дар тамос шуд ва хабар дод, ки тибқи иттилое, ки ӯ аз шоҳидони айнӣ, аз маҳали ҳодиса гирифтааст, то ҳамин лаҳзаҳо тақрибан масоҳати 45 гектар ҷангалзори деҳаи Яхч сӯхта ба хокистар табдил ёфтааст.

Суръат ва вусъати оташсӯзи нигаронкунанда аст. Агар чораҳои зарурӣ гирифта нашаванд, сӯхтор метавонад масоҳати садҳо гектар ҷангалро, ки дар онҷо дар баробари арча, булут, сафедор, чормағз, инчунин дигар дарахтони нодир месабзанд ва ҳайвонҳои ваҳшӣ зиндагонӣ мекунанд, аз байн бубарад, ки ин худ як фалокати экологӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи Абдураҳим Раҷабов, ки дар гузашта солҳои зиёд муовини аввали Вазорати ҳолатҳои фавқулодда шуда кор кардааст, барои маҳор кардани сӯхтор бояд аз техника, ба хусус чархболҳо ва қувваи зиёди одамонро сафарбар намуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi