11:15:06 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳоҷиёни тоҷик озими Душанбе мешаванд

Шаби 19-ум ба 20-уми октябр аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе меоянд. Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр», рӯзи 19-уми октябр ба мо гуфт, аввалин гурӯҳи 210 нафараи ҳоҷиён бо ҳавопаймои Боинг 757-200  аз ширкати «Тоҷик эйр» соати 23-20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ озими Душанбе мешаванд.

hojiyon-457899Ба гуфти Лола Кенҷаева шурӯъ аз имрӯз - 19-уми октябр то 4-уми ноябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» аз шаҳрҳои Ҷидда ва Мадинаи Арабистони Саудӣ 2700 нафар ҳоҷиёнро ба Душанбе интиқол медиҳад. Имсол зоирони тоҷикро ду ширкати ҳавопаймоӣ - «Сомон эйр» ва «Тоҷик эйр» бар ӯҳда доранд. Тибқи маълумот 40 дар сади зоирини тоҷикро ширкати Тоҷикэйр ва 60 дар сади дигарро ширкати "Сомон эйр" бар уҳда доранд.

Дар маҷмуъ имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 6300 нафар ба зиёрати ҳаҷ раФтанд. Гуфта мешавад имсол дар сафари ҳаҷ ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Тавре аз кумитаи дин хабар доданд, яке аз зоирон - Ҳоҷӣ Талбак Одинаеви 73-сола, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд, ки рӯзи 6-уми октябр бар асари як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиду буд. Дувумӣ, Ҳоҷӣ Абдувалӣ Қулматови 71-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 7-уми октябр бо марги нобаҳангом дар шаҳри Маккаи Мукаррама вафот кардааст.

Масъулони Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯянд, ки Арабистони Саъудӣ тақозои ин кишвар барои бештар кардани шумораи зоирони тоҷикро беҷавоб монд. Мавлон Мухторов, муовини раиси ин кумита дар як сӯҳбаташ бо мо гуфт, ки "муаттасифона Арабистони Саъудӣ 20 дар сади боқимондаи ҷойҳо барои зоирони тоҷикро надод ва ба ин тартиб 6 ҳазор зоир ин танҳо 80 дар сади тақозои ҷониби Тоҷикистон аст  ба Ҳаҷ мераванд."

Ба гуфти масъулони ин кумита то кунун мақомоти Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон аз рӯи 6 миллион аҳолӣҷой барои сафари ҳаҷҷудо мекарданд, дар ҳоле ки аҳолии кишвар ҳозир ба 8 миллион нафар расида аст. Бинобар ин Тоҷикистон аз Арабистони Саъудӣ имсол ҷойи бештар барои зоирин тақозо кардааст.

Бояд гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон қаблан ба шоҳи Арабистони Саъудӣ барои бештар ҷудо кардани ҷой ба зоирини тоҷик ҷиҳати сафари ҳаҷ нома навишта буд. Аммо ба гуфтаи масъулон дар ниҳоят тақозои ҷониби Тоҷикистон барои фароҳам кардани 20 дар сади дигар барои зиёрати сокинони Тоҷикистон аз суи Арабистони Саъудӣ пазируфта нашуд.

Бандар Муҳаммад Ҷамил, сафири Арабистони Саъудӣ рӯзи 24-уми сентябр дар як ҳамоиши ҷашнӣ дар Душанбе гуфт, тавофгоҳи Масҷиди Макка дар гузашта имкони гунҷоиши 46 ҳазор нафар дар як соатро дошт ва ҳоло аз рӯи тарҳи нав бояд зарфияти он ба 105 ҳазор нафар афзуда шавад.

Бандар Муҳаммад Ҷамил гуфт, аз ин хотир, ҳукумати Арабистони Саудӣ тасмим гирифт, ки квотаи ҳоҷиёни хориҷиро ба 20 ва мардуми Шоҳигариро ба 50 дарсад коҳиш дод ва ин тасмим то анҷоми корҳои сохтмонӣ бетағйир мемонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi