05:32:28 03-уми Июни 2025 сол

ЮНЕСКО “Ҷараёни озод”-ро нашр кард

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти кишвар ЮНЕСКО дар Тоҷикистон китоби мусаввареро бо номи «Ҷараёни озод» интишор додааст, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки ин конфронс рӯзҳои 20 ва 21-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ширкати зиёда аз 1000 нафар намояндагони воломақоми 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор шуда буд. 

unesco logo 45446Манбаъ мегӯяд дар китоб натиҷаҳои пурарзиши ин конфронс ва умуман баррасии байналмилалии масоили ҳалталаби вобаста ба таъмини дастрасии аҳолии Сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ инъикос ёфтааст. Ба нақши махсус ва намоёни Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки чун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли масоили обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854