05:24:19 03-уми Июни 2025 сол

Таъхири дигарбораи мурофиаи Тутубалина ва Иттиҳодияҳои эҷодӣ

Мурофиаи додгоҳии  иттиҳодияҳои эҷодӣ ва Олга Тутубулина аз сабаби ҳозир нашудани даъвогарони асосӣ бори дигар ба таъхир андохта шуд. Намояндаи ваколатдори сарварони Иттиҳодияҳои эҷодӣ Рустам Устобев гуфтааст, ки тибқи қонун онҳо ӯҳдадор нестанд ба мурофиа ҳозир шаванд.

olga-tatubalina-48555Маврид ба ёдоварист, ки мақолаи муҳаррири «Азия-плюс» Олга Тутубалина бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёӣ» муҷиби эътирози иддае аз созмонҳои эҷодии кишвар, аз ҷумла Иттиҳоди нависандагон, Академияи улум шуда буд ва онҳо бо шикояти дастаҷамъӣ ба додгоҳ муроҷиат намуданд. Зиёиён мегӯянд дар мақола ба ибораи Ленин таҳқир шудаанд. Аммо ҷониби ҷавобгар бар ин назар аст, ки иддиои зиёиён ва созмонҳои эҷодӣ пояи ҳуқуқӣ надорад. Аз назари онҳо Тутубалина аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода кардааст ва мақола назари интиқодии ӯ ба аксуламали зиёиён ба рӯйдодҳои ҷомеа мебошад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854