04:38:30 03-уми Июни 2025 сол

Нимпайкараи Айтматов ва Фирдавсӣ дар китобхонаи Рудомино

Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи  М.И.Рудоминои Маскав нимпайкараи адиби шинохтаи қирғиз Чингиз Айтматов гузошта мешавад. Дар ин бора  РИА новости истинодан ба сафорати Қирғизистон дар шаҳри Маскав хабар дод. 

chingiz aytmatov 3645Пайкара аз ҷониби ҳайкалтароши машҳури рус Георгий Франгулян офарида шуда, дар галереяи пайкараҳои адибон ва ходимони ҷамъиятии китобхонаи ёдшуда боз мешавад. То ба имрӯз дар ин боргоҳи адаб барои шахсиятҳои таърихие чун Чарлз Дикенс, Иоанн Павели II, Леонардо да Винчи, ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ва дигар фаъолони фарҳанги ҷаҳон нимпайкараҳои ёдгорӣ гузошта шудааст.

Чорабинии мазкур ба ифтихори 85-умин солгарди таваллуди адиби оламшумул бахшида шудааст ва гуфта мешавад, ки аввалин нимпайкараи адиб дар хориҷ аз кишвараш мебошад.  

Дар барномаи таҷлили солгарди адиби машҳур ҳамчунин намоиши филми ҳуҷҷатии “Қирғизфилм” бо номи “Шӯҳрати ҷаҳонии Чингиз Айтматов”, намоиши китобҳои адиб, ки бо забонҳои халқҳои олам тарҷума шудаанд ва филмҳои ҳунарие, ки аз рӯи асарҳои ӯ офарида шудаанд, дар назар дошта шудааст. Моҳи декабр бошад дар китобхонаҳои дигари Маскав шабҳои адабӣ, мулоқот бо адибон ва конфронсҳои хонандагон доир ба эҷодиёти нависанда роҳандозӣ мешавад. 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854