04:43:08 03-уми Июни 2025 сол

54% будҷаи соли ояндаи Тоҷикистон "иҷтимоӣ" хоҳад шуд

Парлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон будҷаи соли 2014-ро дар ҳаҷми 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар қабул кард.

porlumont-544545Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 23-уми октябр лоиҳаи қонун дар бораи будҷаи давлатӣ барои соли 2014 -ро баррасӣ кард ва Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия гуфт, ки ҳаҷми будҷа  28,7% маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ё ММД муқаррар гардид, ки нисбат ба буҷаи давлатии соли ҷорӣ 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд будааст.

Вазири молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки "буҷдаи соли 2014 иҷтимоӣ буда ва 54 дар сади маблағҳои он ба ин бахш равона карда мешавад".

Ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, ба бахши иҷтимоӣ 7, 7 миллиард сомонӣҷудо шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли ҷорӣ 1, 3 миллиард сомонӣ бештар аст.

Вай афзуд аз ин маблағ 2,5 миллиард ба соҳаи маориф, фарҳанг - 2,7 миллиард ва 1,1 миллиард ба бахши тандурустӣҷудо карда мешавад. Аммо иддае аз вакилон аз шеваи аз худкунии маблағҳои будҷа ва қарзи берунӣ интиқод карданд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист ва вакили парлумон аз шеваи истифодаи маблағҳои қарзӣ ва будҷа, ба хусус соҳаи энергетика интиқод кард ва гуфт, ки "дар баъзе ҳолатҳо маблағҳо ба истилоҳ "обу лой" мешаванд."

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854