05:21:28 03-уми Июни 2025 сол

Вохӯрии Латиф Пидром бо аҳли зиёи Тоҷикистон

Дидору вохӯриҳои Латиф Пидром, шоир, нависанда ва сиёсатмадори кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон бо фарҳангиёну зиёиёни тоҷик ҳини сафарҳои хусусӣ ва эҷодияш ба Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада истодааст. Ахири ҳафтаи гузашта бо ибтикори Латиф Пидром дар тарабхонаи «Сарез» як дидорбинии хотирмони ӯву аҳли эҷод ва зиёи тоҷик баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон, сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, олимон ва ғайра иштирок карданд.

latif-pidrom 58887Устод Мӯмин Қаноат, Шоири Халқии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Назриев, узви вобастаи АИ ҶТ, Акбаршоҳ Искандаров, Худоӣ Шарифов, доктори илмҳои филологӣ ва дигар шахсиятҳои маъруфе, ки дар ин шабнишинӣ ҳузур доштанд, дар бораи хидматҳои Латиф Пидром дар таҳкими муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин роҳҳои боз ҳам вусъат бахшидани равобити сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии байни ду кишвар ибрози андеша намуданд.

Дар ин вохӯрӣ Муҳаммад Зоҳири Ағбар, раиси Кумитаи миллии олимпиии Афғонистон дар бораи пешрафтҳое, ки дар соҳаи варзиши Афғонистон дар ин авохир ба вуқуъ пайвастанд, ба ҳозирин маълумоти муҳиме дод.

Овозхонҳои маъруфи кишвар Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов, Исмоил Назриев бо суруду таронаҳои дилошӯби худ хотири ҳозиринро болида карданд.

Ёдовар мешавем, ки Латиф Пидром, узв ва раиси Комиссиюни тафтишии марказӣ ва назорат бар иҷрои қонуни Парламони Афғонистон, шоир, сиёсатмадори маъруф ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон аст. Ӯ соли 1963 дар улусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Вай дар ду давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба ҳайси номзад ширкат кардааст.

Латиф Пидром аз Донишгоҳи Сорбони Париж унвони доктори исломшиносиро дарёфт намудааст.Чандин маҷмӯаи ашъораш дар Афғонистону Эрон ба нашр расидааст. Маҷмӯаи нави ашъори ӯ дар Тоҷикистон дар ин рӯзҳо дар дасти чоп аст. Ӯ шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

«Рӯзгор» 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854