04:46:06 11-уми Июни 2025 сол

Руҷуъи нав ба филми “Рӯҳ” дар Амрико

Филми «Рӯҳ”, ки соли 1990 наворбардорӣ шуда ва муҳаббати хориқулоддаи Сем (Патрик Суэйи) ва Молли (Деми Мур)-ро ба риштаи тасвир кашида буд, бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи киноматография қарор гирифтааст.

article 56656566Ҳоло Акива Голдсман, коргардони машҳури амрикоӣ, муаллифи филмҳои “Бозии хирад” ва “Ман-афсона» тасмим гирифтааст дар ҳамкорӣ бо филмноманависи машҳур Ҷефф Пинкер сериёли телевизионии ҳамномашро офарад. Филми “Рӯҳ” дар замонаш ончунон машҳур шуда буд, ки соҳиби ду “Оскар” гардид ва дар сар то сари олам миллиардҳо тан онро тамошо карданд.

Ин филм аз таърихи муҳаббати ду дилдода ҳикоят мекунад. Сэм баъди марги фоҷеавии худ бо медиум (тибқи тасаввури спиритҳо шахсе, ки байни одамон ва рӯҳҳо воситачӣ аст”) Од Мэй ба ҳам меояд, то ин ки аз омили маргаш қасос гирад ва ба арусаш Моллӣ кӯмак намояд. Филм бо 22 миллион доллар рӯи кор омад, вале баъди намоиш 500 миллион доллар ҷамъоварӣ намуд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854