04:55:04 11-уми Июни 2025 сол

Шаст асари тоза кашфшудаи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба Тоҷикистон меоранд

Дар китобхонаи миллии шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 60 асари тозаи илмӣ ва фалсафии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, фақеҳ ва шоири машҳури форсу тоҷик кашф шудааст. Дар ин бора ҳафтаи гузашта хабаргузориҳо истинодан ба Ҳотамшо Асозода, муҳаққиқ ва пажуҳишгари осори ин мутафаккири бузург хабар доданд.

khodja 45455454Гуфта мешавад, ки ин кор бо дастгирӣ ва бо кӯмаки бевоситаи сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Алӣ Асғари Шеърдӯст амри мумкин гардидааст. Ба гуфтаи муҳаққиқ асарҳои ёфтшударо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар замони будубошаш дар Кӯлоб таълиф кардааст, вале бо роҳҳое ба Эрон бурда шудаанд. Ахиран эълон шуда буд, ки созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди таҷлили 3000 солагии Ҳисор, 100 солагии оҳангсози саршиноси тоҷик - Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷашни 700 солагии Мирсаид Алии Ҳамадониро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз маъруфияти хосе дар Тоҷикистон бархӯрдор аст. Бист сол пеш бо ташаббуси ҳукумати кишвар 680-солагии мутафаккири бузург ҷашн гирифта шуд ва бо қарори ҳукумат ноҳияе бо номи ӯ номгузорӣ гардид, осорхонаи адиб таъсис ёфт ва дар пули 10 сомонаи тоҷик бо акси ӯ нашр шуд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854