00:50:13 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Таъхир дар эълони ҷазо алайҳи Зайд Саидов

Қарор буд, ки имрӯз додгустарӣ дар нисбати Зайд Саидов ҷазо эълон кунад, аммо бинобар сабабҳои номаълум, мурофиа ба рӯзи дигар гузошта шудааст.

zayd-saidov 58774444Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бидуни шарҳ, гузориши айбдоркунандаи давлатӣ дар мавриди парвандаи Зайд Саидовро, ки мебоист имрӯз сурат мегирифт, ба рӯзи дигар гузоштааст. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов рӯзи 4-уми декабр ба мо гуфт, ки қарор буд айбдоркунандаи давлатӣ зимни ироаи гузориши худ ҷазои Зайд Саидовро эълон мекард, аммо додгоҳи Исмоили Сомонӣ бидуни шарҳи сабаби аслӣ, онҳоро дар ҷараёни гузоштааст, ки мурофиа рӯзи 5-декабр баргузор хоҳад шуд. Оқои Қудратов аз сабаби ин тасмими додгоҳ изҳори беиттилоӣ кард.

Вай афзуд, ки аз онҳо забонхат гирифта шудааст, ки дар бораи парванда хабар надиҳанд, вале дар чунин ҳолатҳо-вақте мурофиа ба рӯзи дигар оварда мешавад, сабаби онро шарҳ намедиҳанд. Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки ҳамзамонон онҳо зимни як муроҷиат ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, хостори мулоқот бо ӯ барои шарҳи баъзе нуқтаҳои парвандаи зерҳимояашон шудаанд.

Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, пас аз эълони ҷазои айбдоркунандаи давлатӣ, вакилони мудофеи ӯ низ бо ҳимоят аз Зайд Cаидов гузориши хоҳанд дод, сипас додгоҳ ба машвартахона дохил шуда, баъдан ҷазои ниҳоӣ дар мавриди Саидовро эълон хоҳад кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 27-уми ноябр ба айбдоркунандаи давлатӣ то авоили моҳи декабр муҳлат дод, ки назари худро дар робита ба парвандаи Зайд Саидов мушаххас кунад ва дар мурофиаи навбатӣ баён дорад. Дар мурофиаи рӯзи 27-уми ноябр Фаррух Муҳиддинов, собиқ вазири нақлиёт ва муовини сарвазири Тоҷикистон бо даъвати вакилони мудофеъ дар мурофиа ширкат намуда аз Зайд Саидов пуштибонӣ намуд. Ҳамчунин котибаи Зайд Саидов низ аз тарафи додрас пурсида шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаҳои Зайд Саидовро пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз 12-уми сентябр ба ин сӯ идома дода истодааст.

Алайҳи Зайд Саидов то имрӯз бар асоси 8 моддаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушода буданд. Бо шурӯъи парвандаи ахир шумораи иттиҳомоти зидди ӯ ба 10 мерасад.

Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу  боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi