16:42:54 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Муҳиддин Кабирӣ дар миёни 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон

Дар феҳристи соли ҷории “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон” исми Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, сабт шудааст. Дар бахши сиёсии ин феҳрист исми оқои Кабирӣ дар канори Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, зикр шудааст.

muhiddin.kabiri-1457877998Дар ин феҳрист дархост аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои афви зиндониёни ҷанги дохилӣ ва эътои ҷоиза ба варзишгарони қаҳрамони Бозиҳои Улампики Лондон аз ҷумлаи хидматҳои Муҳиддин Кабирӣ дар бахши иҷтимоъӣ унвон шудааст. Ҳамчунин, оқои Кабирӣ тавонистааст як ҳизби нерӯманди мухолифи давлатро аз хатари эҳтимолии таҷзия наҷот диҳад ва тавассути рушду тағйири ҲНИТ теъдоди бештари аъзоро ба ин ҳизб ҷалб кунад.

Дар феҳристи соли гузаштаи “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон”, ки аз ҷониби Маркази мутолеъоти истротежики Аммон дар Урдун таҳия шудааст, исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дарҷ шуда буд.

Дар радаҳои аввали феҳристи соли ҷорӣ дуктур Шайх Аҳмад Муҳаммад Ал-Тайиб, донишманди улуми исломии Миср, Абдулло бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, Оятулло Алӣ Хоминаӣ, раҳбари Эрон, ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ҷой гирифтаанд.

Феҳристи “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон” аз соли 2009 ба ин сӯ дар ҳамкорӣ бо Маркази Шоҳзода Ал-Валид бин Талали Донишгоҳи шаҳри Ҷурҷ Тоуни Амрико мунташир мешавад.

Гуфта мешавад, аз миёни уламои исломӣ, чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ ва раҳбарони давлатҳо, ки дар эътиқоду эътимод ва ғояҳои мусалмонон асар гузоштаанд ва ё барои беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоъии мусалмонон хидмат кардаанд, ҳамасола 500 мусалмони қудратманди ҷаҳон интихоб мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi