Муаррифии Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Ҷамшед Ғаниев, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 3-юми феврали соли 2014 баргузор гардид, гуфт, ки Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи Давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст.
Ҷамшед Ғаниев, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 3-юми феврали соли 2014 баргузор гардид, гуфт, ки Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи Давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст. Ҷамшед Ғаниев, ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 3-юми феврали соли 2014 баргузор гардид, гуфт, ки Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи Давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст.
Ҳамзамон бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013" собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шудааст.
Ба гуфтаи ректор айни замон дар донишкада 188 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки 77 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ин муассисаи таълимӣ ду факултет: "Санъати тасвирӣ" бо кафедраҳои "Мусаввирии дастгоҳӣ", "Графикаи дастгоҳӣ" ва факултети "Дизайн" бо кафедраҳои "Санъати муҷассамавӣ ва ороишӣ-амалӣ", "Тарҳрезии бадеӣ ва муҳити меъморӣ" фаъолият мекунад. Инчунин дар назди ректори кафедраи "Фанҳои гуманитарӣ" ташкил карда шудааст.
Мувофиқи нақшаи корӣ дар соли таҳсили 2014-2015 350 нафар донишҷӯ аз рӯи 14 намуд ихтисос қабул карда мешавад.
Аҳмадшоҳи Султон, "Рӯзгор"