03:32:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд. Дафтари матбуоти сарвари давлат хабар дод, ки дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

khabarho-2014-2044515Маврид ба ёдоварист, ки расми кушоди Олимпиадаи зимистонаро беш аз 40 ҳазор тамомшобин аз варзишгоҳ ва зиёда аз 3 миллиард нафар тавассути телевизион тамошо карданд. Дар таҳияи ин барнома 12 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон 3,5 ҳазор варзишгар ва ҳамроҳони онҳо аз бештар аз 100 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

ххх

Узбакистон ба дархости ҷониби Тоҷикистон дар мавриди тағйири реҷаи убури мошинҳои Тоҷикистон аз марзи ду кишвар посухи мусбат дод. Бино ба хабаре, ки ахиран Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон расонаӣ кардааст, аз ин ба баъд барои убури мошинҳои Тоҷикистон аз нуқтаҳои марзии Узбакистон реҷаи тезтар иҷозат шудааст. Ва ин ба он маъност, ки агар аз ин пеш рӯзе 10 то 12 мошин тафтиши гумрукиро мегузашт, акнун бо иҷозаи реҷаи тезтари тафтиш ҳамарӯз метавонанд то 100 мошинро аз тафтиши гумрукӣ гузаронанд ва иҷозаи убур диҳанд. Гуфтанист, ки Тоҷикистон баъди марзбандиҳои ҷониби Қирғизистон ногузир шуда буд ба Тошканд муроҷиат кунад, то дар мавриди реҷаи убури марзӣ таҷдиди назар кунад.

ххх

Рӯзи якшанбе дар тазоҳуроти зиддидавлатии Украина дар пойтахти ин кишвар бештар аз 50 ҳазор нафар иштирок карданд. Ин гирдиҳамоии пурҷамъият ба дунболи мулоқоти президенти Украина Янукович бо ҳамтои русиаш Владимир Путин дар Сочӣ баргузор шуд ва мухолифон талаби ислоҳот дар Қонуни асосии кишварро карданд. Гуфта мешавад, ки дар Сочӣ сарварони ду кишвар масъалаи кӯмаки 15 миллиарддоллараи Маскав ба Киевро баррасӣ мекарданд. Вале Янукович гуфтааст, ки мулоқот ғайрирасмӣ буд ва ин масъала баҳс нашуд.

ххх

Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 74 ҳазору 523 тонна гандум ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10,9 ҳазор тонна бештар аст. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз корхонаи воҳиди давлатии "Ғалла" хабар доданд. Ҳадафи афзоиш додан ба воридоти ғалла камтар харидорӣ кардани орди тайёр аз хориҷи кишвар мебошад. Ба гуфтаи манбаъ чун дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлиди орд хуб фаъолият мекунанд, ворид крадани ғалла нархи орд дар бозорҳоро коҳиш медиҳад. Арзиши 1 тонна гандум 240  ва ҳар тонна орд 320 доллари ИМА мебошад. 

ххх

Иттиҳоди Аврупо тарҳи нави кӯмак ба мубориза зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистонро рӯи даст гирифтааст, ки гуфта мешавад 1 156 690 евроро ташкил медиҳад. Ин маблағгузорӣ лоиҳаи минтақавии "Иқдомҳо бар зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон" ном дошта, таҳти барномаи "Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон" (САДҲИ) амалӣ мегардад.

Дар иттилоияи ахиран нашркардаи Иттиҳодияи Аврупо Идораи байналмиллалии ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон; Бунёди ҷамъиятии Нота Бене (Тоҷикистон) ва Шарикии байналмиллалӣ баҳри ҳуқуқи инсон (Белгия) шарикони ин лоиҳа эълон шудаанд. Иттиҳоди Аврупо, ки дар он 28 кишвар узвият доранд, яке аз маблағгузорони бузурги дифоъ аз ҳуқуқи башар дар сар то сари олам аст. Тоҷикистон низ зарфи чанд соли охир аз ин кӯмакҳо баҳравар шудааст. Аз ҷумла, солҳои 2007-2010 ба маблағи 66 миллион евро ва солҳои 2011-2013 ба андозаи 62 миллион евро кӯмакҳои техникӣ ва грантҳо дарёфт кардааст. 

ххх

Миср талаб кард, ки  шайх Юсуфи Қарзовӣ аз Қатар ба Қоҳира истирдод шавад. Бино ба гузориши  World Bulletin намояндаи расмии ВКХ Миср Бадр Абдулато аз изҳороти ахири шайх Қарзовӣ дар мавриди дахолати Арабистони Саудӣ дар табаддулоти Миср интиқод кардааст ва онро барои режими Қоҳира қобили қабул надонистааст. Ахиран Шайх Юсуфи Қарзовӣ гуфта буд, ки пуштибонии Риёз аз табаддулоти Миср нодуруст буд. 

Шайх Юсуфи Қарзовӣ аз руҳониёни шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ ва яке аз бузургтарин ва донишмандтарин фақеҳони асри ҳозир аст. Аксари фатвоҳои ӯ пурбаҳстарин масоили мазҳабиро хотима бахшидааст. Шайх Қарзовӣ аз ҷумлаи камтарин олимони машҳури исломист, ки рӯйдоди 30-юми июни соли гузаштаи Мисрро ҳамчун табаддулоти ҳарбӣ маънидод кард ва дахолати кишварҳои арабӣ дар ин қазияро иштибоҳи сахт хонд.

ххх

Имдодгарони байналмилалӣ дар талоши худ барои расондани кӯмакҳои байналмилалӣ ба шаҳри Хомси Сурия ноком шуданд. Ду мошини  ҳомили маводи ғизоӣ ва доруворӣ дар роҳ ба сӯи ин шаҳр ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтанд, ки бар асраи он чор маъмури беҳдоштӣ захмӣ шуданд. Ин рӯйдод тавофуқи оташбаси ҳосилшударо ба хатар мувоҷеҳ кард. Телевизиони давлатии Сурия иттилоъ дод, ки ду табиби маҷруҳшуда кормандони Салиби Сурхи кишвар буданд, аммо хабар дода нашуд, ки онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд ва ё Сурия. Хомс шаҳрест, ки зери тасаллути шӯришчиёни мусаллаҳ қарор дорад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi