06:09:44 10-уми Июни 2025 сол

Дар Минск китоби Ато Ҳамдам муаррифӣ шуд

Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон, дабирхонаи марказии ИДМ ва вазорати иттилооти Беларус дар шаҳри Минск ҳамоиши Ҳамкориҳои илмию адабӣ миёни Тоҷикистону Беларус доир шуд Дар ин бора ба "Рӯзгор" журналисти тоҷики муқими Белорус Абдулғаффори Камол, ки барандаи ин ҳамоиш буд, хабар дод.

ato-hamdam 5666695Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин нишаст китоби нашриёти белорусии "Звезда" таҳти унвони "Светлая даль" ва асари адиби тоҷик Ато Ҳамдам "Жыццё не спыняецца" ("Ҳаёт идома дорад") муаррифӣ шуд шуд. Китоби "Светлая даль" аз асарҳои адибони шинохтаи белорус, Иван Чигринов, Пимен Панченко, Владимир Гаврилович, Михась Башлаков, Маргарита Прохор, Андрей Скоринкин, Татьяна Мушинская, Рагнед Малаховский, Юлия Зарецкая и Георгий Киселёв мураттаб шудааст ва қарор аст барои хонандагони ду кишвар ироа гардад.

Иртиботҳои илмиву фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Белоруссия дар ҳоли рушд аст. Дар айни замон дар Белоруссия наздик ба 200 нафар донишҷӯёни тоҷик дар риштаҳои мухталиф таҳсил мекунанд. Дар базаи донишгоҳи техникии ба номи академик Осимии шаҳри Душанбе факултаи донишгоҳи миллии Белоруссия ифтитоҳ шудааст ва боз кардани бахшҳои дигар макотиби олии Белоруссия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854