07:06:07 10-уми Июни 2025 сол

Дар Конибодом ансамбли "Мақомхонони наврас" эҳё шуд

Бо ташаббуси номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов дар шаҳри Конибодом вилояти Суғд ансамбли "Мақомхонони наврас" муҷаддадан эҳё шуд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.

falak 66545212Манбаъ ҳадафи эҳёи ансабли мазкурро наздик кардани мардум ба мусиқии ноби классикӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба шинохти гузаштаи хеш унвон кард. Гуфта мешавад, ки муддати бист соли охир бо сабабҳои мавҷуд набудани шароити мусоид ин ансабл аз фаъолият монда буд. Аммо ҳоло ба муҷарради фароҳам омадани шароити мусоид мақомот тасмим гирифтанд ташаббуси эҳёи дубораи онро дастгирӣ кунанд.

Дар айни замон беҳтарин устодон ва донандагони таронаҳои классикӣ барои омӯзиши наврасон ҷалб карда шудаанд. Ҳоло 9 нафар наврасони лаёқатмандро ба тариқи озмун ба ансамбл қабул кардаанд, вале озмун ҳамоно идома дорад ва зарфи моҳҳои оянда теъдоди бештари соҳибистеъдодҳо ба он ҷалб карда хоҳанд шуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854