01:28:08 17-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

tainot 4545454554Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди ватандорӣ, ҳифзи шоиста аз марзу буми кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқона ва матонату шуҷоат дар иҷрои вазифаҳои худ ҳидоят кард. Таъкид гардид, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва зина ба зина ба вазифаҳои баланд пешниҳод кардани онҳо низ пайваста кӯшиш бояд кард.

Ҳамин тариқ дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъин шуданд.

Комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликул, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба тарбияи кадрҳои миллии афсарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ комилан аз миён бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ин мушкил бояд тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шуруъ шуда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Панҷ нафар ба вазифаҳои масъулиятнок дар ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъин гардид.

Ба вазифаҳои Муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд ва чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Ҳамчунин Прокурори шаҳри Роғун иваз карда шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти адолати судӣ, волоияти қонун, коҳиш додани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани обурӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид гардид, ки бояд тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва корҳои тарғиботию пешгирӣ аз ҷинояткорию қонуншиканӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Манбаъ: President.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi