11:34:33 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

 20 феврали соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сарвари давлат дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

 Манбаъ мегӯяд бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи масоили баҳсталаб бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ва бидуни истифода аз нерӯ ҳалли худро меёбанд. Дар робита ба дурнамои авзои Афғонистон таваҷҷуҳи асосӣ ба дастрас намудани кумаки ҳарбӣ-техникии қисме аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон зоҳир гардид. Гуфтугӯйи судбахш, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт, омадааст дар хабари дафтари матуботӣ.

 ххх

 Дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати 4 нафар ва ҷароҳат бардоштани 3 тани дигар дар як садамаи автомобилӣ дар роҳи  Душанбе - Ҳисор хабар дод. Бино ба иттилоъи манбаъ зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҳисор ронандаи 23-солаи автомашинаи "Опел-Вектра" Шуҳратҷон Мирзоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи "Хундай" таҳти идораи Ёқубҷон Шоеви 42-сола бармехӯрад. "Дар натиҷаи ин бархӯрд ронандаи автомашинаи "Опел Вектра" Ш.Мирзоев, мусофирони ин автомшаина - Диловар Мирзоеву Хушбахт Солиев ва ҳамчунин мусофири автомашинаи "Хундай" Хайриддин Қурбонов ба ҳалокат расидаанд. Боз се нафари дигари иштирокчии ин садама бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд".

 ххх

 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба тамоми қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ  тӯҳфаҳои идона, аз қабили телевизор, DVD, антеннаҳои моҳвораӣ ва дигар лавозимотҳои зарури техникӣ тақдим намуд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ илова ба ин  ба сарбозон ва афсарони ҷавоне, ки волидайнашон  ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд, низ кумаки моливу моддӣ тақдим гардид.

 

ххх

 

Вазъ дар Украина ба вахомат мегарояд. Президент Янукович билохира фирор кард ва то замоне, ки ин хабар таҳия мешуд, аз ҷои будубоши вай иттилои дақиқ намерасид. Вазорати корҳои дохилии Украина ӯро дар ҷустуҷӯ эълон кард. Дар ин бора аз аввалинҳо шуда Арсен Аваков, иҷрокунандаи вазифаи вазири умумри дохила дар саҳифаи  Facebook хабар дод.  Вай эълон кард, ки аз болои президенти собиқ барои содир намудани ҷиноятҳои сангин, куштори дастаҷамъонаи мардуми бегуноҳ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

 "21 феврали соли равон Виктор Янукович бо чархбол аз Киев ба самти Харков парвоз кард. Рӯзи шанбе вай ба фурудгоҳи Донетск рафт. Кӯшиш кард бо ду ҳавопаймои хусусӣ ба самти номаълум парвоз кунад, вале марзбонон монеъ шуданд. Вай ногузир савори мошин ба роҳаш идома дод. Бегоҳии якшанбе ба Қрим расид",-навиштааст Аваков дар саҳифаи худ дар Фейсбук.  Субҳи рӯзи душанбе хабар дода шуд, ки Януковичро одамон ҳангоми фирор бо киштии ҳарбии Русия дар бандаре воқеъ дар Ялта дидаанд. 

 ххх

 Мушовири президенти ИМА дар умури байналмилалӣ Сюзан Райс эълон кард, ки кишвараш Виктор Януковичро дигар президенти Украина намеҳисобад. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Русия низ воқеъиятро бояд бипазирад ва ба муоҳадаи ҳукумат ва мухолифон эҳтиром гузорад. ИМА хостори он аст, ки Русия ба Украина неруи низомӣ эъзом накунад,-иқтибос меорад суханони Райсро РИА "Новости".  Бар асари беназмиҳои ахир дар Украина 82 нафар кушта ва теъдоди бештар аз ин захмӣ гардиданд.

 

Рӯзи ҷумъа Янукович ва сарварони мухолифони давлат ба муоҳадаи созиш имзо гузоштанд. Парламони Украина қонуне қабул кард, ки кишвар ба низоми давлатдории то соли 2004 бармегардад ва ширкаткунандагони тазоҳуроти мардумӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешаванд. Рада ҳамчунин ба ҷонибдории озодии сарвазири пешин Тимошенко овоз дод ва аллакай баъди ин озодӣ вай эълон кард, ки дар сабқати интихоботӣ барои курсии президентӣ мубориза хоҳад буд. Юлия Тимошенко сареҳан иброз дошт, ки номзадии ӯро ба ҳайси сарвазир мавриди баррасӣ қарор надиҳанд.

 ххх

Субҳи рӯзи душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоугленро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Амрико ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар зоҳир гардид. Манбаъ афзуд, ки мусоидат ба беҳсозии фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA-1000 низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi