15:44:34 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

«ИСТИҚБОЛ»-РО ИСТИҚБОЛ НАМОЕД!

Истиқболи Наврӯз хуш аст.

Тавъам ба истиқболи Наврӯз истиқболи Баҳори Дониш хуштар аст.

istikbol-01Баҳори Дониш мудаввом ва бехазон аст ва ин мӯъҷиза шоху пайванди ниҳоли одамизодро сабз хоҳад дошт ва истиқболи «Истиқбол» аз ин Баҳор ҳамешагист. Баҳори Дониш мепарварад. «Истиқбол» оғӯши кушода дорад, китоб рӯи кушода.

Меҳр аз оғӯши кушода меояд, нур аз рӯи кушода. Пас ин нуру меҳр ҳамон хиради азалии инсон аст дар Баҳори Дониш, ки дар дидаву дилҳо умре бимонад. Наздик ба ду даҳсола ТҶБ (Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ) «Истиқбол» кӯдакони соҳибистеъдодро ҷусту дарёфт, тарбият намуд.

Ва ҳама аз китоб оғоз шуд. «Истиқбол» барои кӯдакон беҳтарин китоби шеъру афсона, ҳикояву бозиҳои рангин, нашр намуд, ки то имрӯз теъдоди он наздик ба 1 миллиону 500.000 нусха расид. Зиёд аз 150 номгӯй китобҳои бадеии кӯдакона ба ҳашт забони дунё, аз эҷоди адибони шинохтаи тоҷик ва ҷаҳон – чунин аст ҳосиле, ки меҳри «Истиқбол» аз Баҳори дониш овардааст.

Дар арафаи Иди Наврӯзи покизақадам, ки ба азизони худ тӯҳфа овардан аз оинҳои наҷиби меросии мост, беҳтарин тӯҳфа барои кӯдакон китоб аст. Китоби хубу зебо, китобе, ки:

– дӯсти беминнат;

– раҳнамои накӯӣ;

– маслиҳатгари оқил;

– аниси шабу рӯз;

– ҳамрози беҳамто;

– рафиқи ғамгусор;

руди равони адабу маърифат, саводу дониши бардавоми фарзанди Шумост.

Хоса, ки ин тӯҳфаро аз Наврӯз кӯдаки ятиме, ниёзманде, бепарасторе, бечораву дастнигаре ба дили низору чашми чор интизор аст.

Бо тӯҳфаи китобе хайр кунед, бо тӯҳфаи китобе савоб гиред!

Бо тӯҳфаи китобе субҳи ин кӯдаконро рӯшантар созед, то тирашоми онҳо ҳамеша фурӯзон бошад.

Бо тӯҳфаи китобе Наврӯзи ин кӯдакони маъсумро гарм, рангину зеботар созед!

Китобҳои «Истиқбол»-ро дар мағозаҳо намеёбед, чун бо нархи арзиши аслӣ танҳо ба китобхонаҳои кишвар дастрас мегарданд. Ба ин мақсад ба харидорони савобҷӯю хайрхоҳ «Истиқбол» як моҳи баҳор, аз 2 март то 2 апрел – Рӯзи байнамилалии китоб имконияти харид фароҳам меорад. Шояд баъди ин амали нек, тӯҳфа кардани китоб барои кӯдакон на танҳо дар Иди Наврӯз, балки Иди Алифбо, Рӯзи Дониш, Рӯзи Байналмилалии Китоб, тӯю зодрӯз ва дигар тантанаҳои миллӣ барои ҳар фарди тоҷик ба ҳукми анъана дарояд.

Марҳабо ба истиқболи «Истиқбол»

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi