14:04:57 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд ва амали террористии роҳи оҳани Кунминро маҳкум намуд. Бино ба навиштаи маркази матбуотии Сардори давлат Президенти Тоҷикистон дар барқия аз ҷумла иброз доштааст:

"Бо камоли андуҳу ғазаб хабари ҳамлаи ғаддоронаи террористиро ба шаҳрвандони бегуноҳи Чин дар истгоҳи роҳи оҳани Кунмин, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ шуданд, дарёфт намудам. Ин фоҷеа бори дигар собит месозад, ки муборизаи беамон бо ин зуҳуроти манфур - терроризм имрӯз вазифаи муҳимтарин ва муштараки кулли инсоният гаштааст. Мо дар Тоҷикистон омодаем, ки дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ҷидду ҷаҳдро ба харҷ диҳем, то ин балоро решакан намоем.

Хоҳишмандам, ҷаноби Раис ҳамдардии самимона ва амиқи моро бо сабаби ин фоҷеа қабул намуда, ба наздикону хешовандони қурбоншудагон бирасонед. Мо ба дарди Шумо шарик ҳастем".

ххх

 Дабири кулли СММ Пан Ги Мун нокомии талошҳо дар Сурияро аҷзи ҷомеаи байналмилалӣ номид. Вай гуфт: "Оҷизии Созмони Милали Муттаҳид, ки муддати ин се соли охир натавонист аз фоҷеаҳои гурӯҳӣ дар Сурия ҷилавгирӣ кунад, қудрат ва ифтихороти ҷомеаи байналмилалиро зери суол мебарад". Дабири кулли СММ, ки  ба муносибати 20 -солагии генотсид дар Руандо суханронӣ мекард, гуфт: "Бесамарии кӯшишҷои якҷояи мо дар пешгирии ваҳшоният дар Сурия дар ин се соли ахир айбномаи шармандаворест унвонии ҷомеаи байналмилалӣ".

Аз баҳори соли 2011 то ба имрӯз муқовиматҳои мусаллаҳонаи мухолифони давлат ва неруҳои Башор Асад идома дорад ва то ҳол вазъ рӯ ба вахомат меорад ва поёнии ин хушунатҳо номаълум аст. Кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои қатъи зӯроварӣ дар ин кишвар аслан натиҷа надодааст. ИМА ва муттаҳидони ғарбии вай ҳамвора аз мухолифон ҳимоя мекунанд ва хостори канор рафтани Башор Асад аз қудрати сиёсии ин мамлакат мебошанд. Вале Русия, Эрон ва иддае дигар кишварҳо бар ин назаранд, ки рафтани Асад ҳаргиз ба маънои қатъи хунрезӣ нест.

ххх

Охири ҳафтаи гузашта Комил Мирзоалиев, ки муовини аввали Раиси Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" буд, раиси ин корхона таъин гардид ва Асадулло Зойиров, ки моҳе қабл ба ҷои Амонуллоҳи Ҳукумов ба ин вазифа таъин гардида буд, курсиро холӣ кард. Ҳукумов моҳе қабл баъди як нишасти матбуотии пурмоҷарояш баъди 11 соли фаъолият аз вазифа сабукдӯш гардид.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта пештар Комил Мирзоалиев, ки аз ин пештар директори "Гостевой дом", яъне меҳмонхонаи ҳукуматии Тоҷикистон дар Маскав буд, ба ҷойи Владимир Собкалов муовини аввал таъин гардид. Коршиносон дар як моҳ табдил додани раиси як корхонаи муҳими кишварро дар таҷрибаи кории Президент Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа унвон карданд. Комил Мирзоалиев, то соли 2010 дар КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" сардори ширкати ҳамлу нақли мусофирон будааст.

ххх

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Украина Александр Турчинов ба қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳолати омодабош эълон кардааст. Вай дар брифинге, ки ахиран дар Киев баргузор шуда буд, аз ҷумла гуфт: "Ман фармон додам, ки неруҳои мусаллаҳи кишварроо ба ҳолати омодабоши комил дароранд. Ҳоло ҳифозати объектҳои стратегӣ тақвият дода шудаанд". Фармони қоиммақоми президенти Украина замоне содир мешавад, ки дар шаҳрҳои Донетск, Харков, Одесса ва Симферопол тазоҳуроти зидди ҳукумати нав идома дорад ва дар Қрим аллакай беш аз нисфи идораҳои муҳими давлатӣ ба ишғоли тазоҳуркунандагон даромадаанд.

ххх

Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарор кард, ки аз ин ба баъд дар Тоҷикистон шахсоне, ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд, ки синнашон на кам аз 30 ва камаш 10 сол дар мақомоти прокуратура кор карда бошанд. Пештар нафароне ба вазифаи прокурорҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо таъин карда мешуданд, ки синнашон аз 27 кам ва собиқаи кори касбиашон на камтар аз 5 сол бошад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат-Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи ҳабдаҳум "Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамин тариқ, ба қисми 6-уми моддаи 53-и  қонуни мазкур тағйирот ворид шуд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi