12:27:52 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон

НОМАИ КАМИКАДЗЕ БОИСИ БАҲСИ БАЙНИ ҶОПОНУ ЧИН

jopon-chin-0102012Осорхонаи ҷаҳони Ҷопон дар шаҳри Минамикюсю умедвор аст, ки ЮНЕСКО 333 номаи камикадзеро, ки миёни 14 ҳазор ҳуҷҷатҳои ин осорхона нигоҳдорӣ мешавад ва иртиботи мустақим ба Ҷанги дуюми ҷаҳон доранд, ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонӣ шомил хоҳад кард. Бино ба навиштаи "Le Figaro" ин ташаббус мухолифи дидгоҳҳои Пекин аст ва Чин Ҷопонро ба азхудкунии таърих муттаҳам мекунад. Ин ҷо сухан аслан аз номаҳои хеле кутоҳе меравад, ки халабонҳои фидоии ҷопонӣ пеш аз парвоз ба хонаводаҳои худ навиштаанд.

Қисмати бештари ин номаҳоро Тамадас Итатсуи 87-сола гирдоварӣ намудааст. Итатсу худ аз ҷумлаи ҳамон камикадзе будааст, ки дар 19-солагӣ даст ба парвози фидокорӣ ба нафъи ватанаш задаст, вале аз сабаби ноҷурии дивигатели ҳавопаймо ба ҳадаф нарасида, пас гаштааст. Вай муддати дуру дароз дар бораи худкушӣ андешид ва билохира соли 1970 ба ҷамъоварии номаҳои фидоиёни халабони Ҷопон пардохт.

НАМОИШГОҲИ ШЕРЛОК ХОЛМС ДАР БРИТАНИЯИ КАБИР

010201555555Дар осорхонаи пойтахти Британияи Кабир шаҳри Ландан Намоишгоҳи бузурги Шерлок Холмс идома дорад. Ин намоиш ба бузургтарин қаҳрамони асари бадеӣ Шерлок Холмс марбут аст, ки бо гузашти даҳсолаҳову садсолаҳо низ аз маъруфияташ коста нашудааст. Ташкилкунандагонаш мегӯянд ин калонтарин намоишгоҳи як персонажи асари бадеӣ зарфи 60 соли охир аст. Шерлок Холмс бино ба навиштаи Артур Конан Дойл 125 сол муқаддам ба дунё омадааст. Қарор аст ин намоиш то 12 апрели соли ҷорӣ идома мекунад.

Мутасаддиён кӯшидаанд таърихи зина ба зина офарида шудани образи Шерлок Холмс чун қаҳрамони нотакрори асари бадеӣ шинос шаванд. Таҳлилгарон бар ин назарнд, ки детективи хусусӣ Шерлок Холмс ва доктор Ватсон, ёвар ва дӯсти наздики ӯ қаҳрамонони идеалии даврони худ буданд. Ҳамзамон бо ин намоиш ба он суол, ки Шерлок Холм кӣ буд ва чаро ҳаёти он ҳамоно идома дорад, посух дарёфт хоҳанд кард. 

"НУ ПОГОДИ" МАЪРУФТАРИН ФИЛМИ РУСӢ

nupagadi-zaes-0002Сериёли филми тасвирии замони шӯравӣ "Ҳоло ист!", ки муборизаи харгӯш ва гургро дар маркази тасвир қарор додааст, ҳамоно маъруфтарин филми тасвирӣ дар Русия ба шумор меравад. Ҳар панҷумин сокини Русия онро беҳтарин ва пурбинандатарин филми тасвирӣ барои атфол арзёбӣ мекунад, хабар додааст Хазинаи афкори ҷомеаи ин кишвар. Дар ҷои дуюм "Маша ва хирс" ва ҷои сеюмро филмҳои тасвирии "Шрек" ва "Ҷурғот" бо ҳам дидаанд. Тибқи ҳамин пурсиш 19 дар сад сокинони Русия ҳамарӯза ва  18 дар сад чанд маротиба дар як ҳафта филми тасвирӣ тамошо мекунанд. Ин пурсиш 8-9 феврали соли 2014 дар 100 шаҳру рустои Русия доир шудааст ва дар он дурӯза 1,5 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi