05:09:46 10-уми Июни 2025 сол

Маҳфили адабии Олимхон Исматӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд маҳфили адабии шоири шинохта Олимхон Исматӣ бо иштироки ҷамъе аз ҳаводорони ашъораш, адибони вилоят ва сарояндагони саршиноси кишвар баргузор гардид. Ширкаткунандагон маҳфилро хотирмону ҷолиб арзёбӣ карданд. 

ismati-olimkhonАртисти Халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, ҳунармандони шинохта Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова аз ашъори шоир таронаҳои марғуб суруданд ва ӯро муборакбод карданд. Гуфта мешавад, ки ҳудудан 15 сарояндаи матраҳи кишвар бар шеърҳои Олимхон Исматӣ оҳанг баставу  сурудаанд. Раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод, Маликнеъмат, Гулнози Тоҳириён, Озарахш, Ҷӯра Юсуфӣ суханронӣ карданд ва сабки эҷод, тозаву навгӯиҳои шоирро ситоиш карданд.

Қайд карда шуд, ки Олимхон Исматӣ бидуни шак аз ҷумлаи шоирони муваффақи ҳавзаи адабии Хуҷанд аст, ки ашъораш ҳаводорони зиёд дорад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854