00:35:36 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон аз имзои Фармони Сардори давлат дар бораи даъвати  шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996 барои хизмат дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод.

khabarho-2014-201500102Гуфта мешавад, ки  моҳҳои апрел-майи соли 2014 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли бузургтари кишвар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи нерӯҳоии мусаллаҳи Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 

ххх

Рӯзи душанбе Михаил Малишев, сарвари Комиссияи баргузории ҳамапурсӣ натиҷаҳои ниҳоии райъдиҳии Қримро эълон кард. Бино ба гуфтаи ӯ 96,77 дар сади ширкаткунандагон ба ҷонибдории ҳамроҳшавии Қрим ба Федератсияи Русия овоз доданд. Дар омори расонаишуда гуфта мешавад, ки 1 миллиону 233 ҳазору ду нафар ба саволи "Шумо ҷонибдори ҳамроҳшавӣ ба Русия чун субъекти Федератсияи Русия посухи мусбат додаанд. Бино ба ҳамин омор 83,1 дар сади аҳолӣ дар ин ҳамапурсӣ иштирок карданд.

ххх

Субҳи рӯзи душанбе хабаргузориҳо иттилоъ доданд, ки Барак Обама, президенти ИМА дар тамоси телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин Русияро таҳдид ба таҳримҳои шадид ва гуфтааст, ки натоиҷи райъдиҳиро эътироф нахоҳад кард. Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳег аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард то як паёме қавӣ ба Русия бифиристад, ки сарфи назар кардани тамомияти арзӣ ва ҳаққи ҳокимияти Украина, барои Маскав паёмадҳои ҷиддӣ   хоҳад дошт. Ангела Меркел, канслери Олмон низ дар тамоси телефонии бо Путин райъдиҳӣ дар Қримро ғайриқонунӣ номид.

Владимир Путин ҳам дар ин тамосҳои телефонӣ бо Барак Обама ва Ангела Меркел натиҷаҳои ҳамапурсӣ дар нимҷазираи Қримро  ҷавобгӯ ба меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ донистааст. Ӯ ҳамчунин аз"нотавонии давлати Украина дар пешгирӣ аз хушунат алайҳи русзабонони он кишвар" ибрози нигаронӣ кардааст.

ххх

Рӯзҳои истироҳат кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудудан 120 кило маводи мухаддир мусодира карданд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ниҳод хабар дод. Бино ба гуфтаи ӯ кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ ҳудудан 19 кило ҳашиш мусодира кардаанд. Дар вилояти Суғд бошад аз ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 96 кило ҳашиш кашф ва мусодира шудааст. Манбаъ мегӯяд шаҳрванди 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба ҷурми даст доштан ба интиқолу нигаҳдории мухаддирот дастгир шуд, қаблан барои бандитизм ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ ба муддати 13 сол аз озодӣ маҳрум шуда будааст. Аз рӯи ин ду ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудаанд ва боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатии раёсатҳои Агентӣ дар Хуҷанд ва Хоруғ нигаҳдорӣ мешаванд.

ххх

Бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба роҳгузарон дар шаҳри Чангшаи вилояти Хунан, воқеъ дар ҷанубу шарқи Чин се нафар кушта шуда, як тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Ба навиштаи расонаҳои расмии Чин афрод ба мардум бо корд ҳамла кардаанд. Пулис ҷониби ҳамлаварон оташ кушодааст ва бар асари роҳандозии амалиёти фаврӣ як тан аз онҳо боздошт шудаанд ва се нафари дигар аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Гуфта мешавад, ки зарфи ду ҳафтаи охир ин дуюмин бор аст, ки афрод ба мардум бо корд ҳамла мекунанд. Аввали моҳи март бар асари ҳамин гуна ҳамла дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кунмини вилояти Юннан 29 нафар ба ҳалокат расида буданд. Пулис мегӯянд ин афрод мансуб ба ҷудоихоҳони вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур мебошанд.

ххх

Парламони Урдун ба ҳукумати ин кишвар то рӯзи чоршанбе, 19 марти соли равон муҳлат дод, ки сафири Исроилро бурун кунад. Сабаби мавзеъгирии тунд ба қатли ҳуқуқшиноси урдунӣ Раёд Аловуддин Зейтер аз ҷониби сарбозони исроилӣ дар гузагоҳи "Пули шоҳ Ҳусейн" мебошад, ки рӯзи душанбе иттифоқ уфтод. Давлати яҳудӣ гуфтааст, ки Зейтер худ сабабгори марги хеш аст. Гӯё вай кӯшидааст туфангчаи сарбозро бикашад ва ӯро парронад.

Аммо ҷониби Урдун ин иддиоро ҳазёне беш намедонад. Вакилони урдунӣ хостори тафтиши мустақили рӯйдод шудаанд ва мегӯянд натиҷаи таҳқиқ ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ирсол хоҳад шуд. Вакилон ҳамчунин пешниҳод мекунанд, ки марзи соҳили ғарбии руди Урдун ва давлати Урдун муштаракан бо неруҳои марзбонии Фаластину Урдун ҳифозат карда шавад. Парламон дар ҳоле ин гуна тасмим гирифт, ки Исроил рӯзи сешанбеи гузашта аз рӯйдоди қатли ҳуқуқшиноси урдунӣ узрхоҳӣ карда буд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi