19:40:46 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон

Исҳокас Мерас аз дунё даргузашт

pic 605001Нависандаи шинохтаи яҳудитабори Литва Исҳокас Мерас дар синни 82-солагӣ дар як бемористони Исроил аз олам даргузашт. Изҳокас Мерас 8 октябри соли 1932 дар шаҳри Келми Литва ба дунё омадааст. Волидонашро натсистони олмонӣ чун яҳудӣ қатл карданд ва худи ӯро як оила аз ҷумлаи кишоварзони Литва ба воя расондааст. Аввалин повести ӯ бо номи "Латтапораи зард" соли 1960 аз чоп баромад. Баъдан маҷмуъи ҳикояҳояш бо номи "Замин ҳамеша зинда аст", румонҳояш "Олам ба чӣ устувор аст", "Сара", "Моҳи пурра" паси ҳам чоп шуданд ва баъди тарҷума аз забони латишиву идиш ба инглисӣ, фаронсавӣ, эстонӣ, русӣ, ҳолландӣ ва туркӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Дар соли 1972 нависанда ба Исроил рафт, вале баъди он низ бо забони ҳам латишӣ менавишт ва ҳам забони модариаш идиш.

Манъи намоиши филмҳои русӣ дар Украина

tv-ukraina-0102033Кумитаи давлатии телевиион ва радиои Украина аз ҳамаи шабакаҳои телевизионии ин кишвар хоҳиш кард, ки филмҳо дар бораи қисми таъиноти махуси Русияро намоиш надиҳанд. "Дар замони тезутундшавии авзоъи сиёсӣ шабакаҳои телевизионӣ аз намоиши барномаҳои дилхушкунанда, мазҳакавӣ, бахусус филмҳое, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қисми таъиноти махсуси Русияро таблиғ мекунанд, худдорӣ намоянд. Мо ба ин боварем, ки бинандагон, бахусус бахши русзабони мамлакат, бо дарки масъулият ба ин тасмим бархӯрд мекунанд, чун ин ҷо сухан аз таъмини тамомияти арзии кишвар меравад",-омадааст дар муроҷиатномаи ин кумита.

Аз ин пештар Шӯрои миллии Украина оид ба телевизион ва радио бо хоҳиши Шӯрои амнияти милии ин кишвар пахши барномаҳои шабакаҳои "Вести", "Россия 24", "Первый канал. Всемирная сеть", "РТР Планета" ва "НТВ - Мир"-ро қатъ кард. Дар Қрим бошад барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои Украина мутаваққиф шуданд.

Аввалин китобхонаи президентӣ

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи бунёди аввалин китобхонаи президентӣ дар базаи муассисаи давлатии "Маркази Назарбоев" дастур дод. Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии тасмими мазкур омӯзиши таърихи ташаккули Қазоқистон, ҳамчунин рушди илмӣ-таҳқиқотӣ ва иттилотӣ дар дохили кишвар ва таҳкими иртиботҳои хориҷии мамлакат мебошад.

Жерар Депарде дар Чеченистон

depardie 284455Дар Чеченистон наворбардории филми "Падар" бо ширкати ҳунарманди машҳури фаронсавӣ Жерар Депарде ба анҷом расид. Дар ин бора дар саҳифаи иҷтимоии худ президент Рамазон Қодиров хабар дод. "Дӯсти бузурги мардуми чечен Жерар Депарде назди ман омад. Наворбардории филми "Падар", ки дар он вай нақши асосиро бозӣ мекунад, ба анҷом расид. Мо бо коргардон филмро тамошо кардем ва ба ман он басо писанд омад",-навиштааст Қодиров.

Моҳи майи соли 2013 хабар дода шуда буд, ки дар Чеченистон наворбардории филми "Бирюза" бо ширкати Жерар Депарде ва модели инглис Элизабет Ҳерлӣ оғоз шудааст. Ин филм дар бораи қасоси падар ба марги фарзанд аст, ки ба қаҳрамони асосӣ дӯстони чеченаш кӯмак мекунанд.  

 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi