05:23:27 10-уми Июни 2025 сол

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулҳодӣ Арғандивол

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раиси ҷониби афғонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии ду кишвар Абдулҳодӣ Арғандиволро ба ҳузур пазируфт.

rahmonov1111201120Манбаъ мегӯяд, Сардори давлат рушди ҳамкорӣ бо Афғонистонро аз ҷумлаи авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии кишвар хондааст. Дар мулоқот доир ба бахшҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию транзитӣ, амниятӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Конфронси шашуми RECCA дар Афғонистон ба таҳкими фазои сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Доир ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои кашидани хатти барқии CASA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, афзун намудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои пурманфиат табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расондани лоиҳаи Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон дар бораи тиҷорати транзитиро зарур шумурданд. Дурнамои ҳамкории маърифатию фарҳангӣ умедворкунанда номида шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 234 донишҷӯй аз Афғонистон таҳсили илм доранд ва беш аз 200 нафар табибон аз Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар хизмат мерасонанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854