11:41:41 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай бо ширкати Президент дар маркази пойтахт бинои мактаби рақами 8 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Тавре аён гардид, бинои нави ин мактаб бо тарҳи хеле зебои замонавӣ ва беҳтарин шароити таълимӣ барои 2700 хонанда дар 2 баст бо харҷи 29 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст. Кунун мактаб аз 5 бинои таълимӣ, ки сетоаш чорошёна, яке сеошёна ва панҷумаш дуошёна мебошад, иборат аст.

124554khabarho-2014-2015Дар ин биноҳо 65 синфхона, аз ҷумла 2 утоқи методӣ, 4 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология ва 2 утоқ барои озмоишгарон, 4 синфхонаҳои компютерию лингофонӣ бо 102 компютер, 4 синфхонаи технология ва ҳунаромӯзӣ, синфхонаи санъати тасвирӣ, синфи хореографӣ, китобхонаи замонавӣ, толори китобхонӣ, толори маҷлисӣ бо 272 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои дигари таълимӣ мавҷуданд. Илова бар ин, мактаб дорои бинои маҷмааи махсуси варзишӣ мебошад, ки он аз ҳавзи шиноварӣ (25х11м.), толори универсалии варзишӣ (15х24 м.), толор барои тенниси рӯи миз ва ошхона бо 192 ҷойи нишаст иборат аст. Мактаб, ҳамчунин дорои 2 утоқи тиббӣ, анбори ашёи аёнию техникӣ, майдони калони варзишӣ ва бунгоҳи алоҳидаи барқӣ мебошад.

***

Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (ПРООН) эълон кард, ки бо Ожонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) муоҳадаи пуштибонӣ аз лоиҳаи "Тавсеъаи дастрасӣ воситаҳои маишӣ дар қаламрави марзии Тоҷикистону Афғонистон"-ро имзо кардааст. Тибқи хабари намояндагии Барномаи рушди СММ лоиҳаи мазкур бояд муддати се соли оянда татбиқ шавад ва 10,7 миллон долларро дар бар гирад, ки Ҷопон аз тариқи JICA маблағгузорӣ мекунад.

Лоиҳа ба таҳкими субот ва амният дар ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Қундуз ва Тахори Афғонистон равона шудааст. Дар хабар аз ҷумла омада: "Лоиҳаи нав эҳёи инфраструктураи бештар аз 75 объектро дар рустоҳои марзӣ дар назар дорад, ки дар он ҳудудан 176,4 ҳазор нафар одамон зиндагонӣ мекунанд. Беҳбуд бахшидан ба шароити зиндагонӣ, ободони макотиб, системаҳои обёрӣ, таъмин бо оби нӯшокӣ, кӯмак ба бемористонҳо аз ҳадафҳоест, ки лоиҳа дунбол мекунад".

***

Баъди ҳамроҳшавии Қрим ба Русия ибтикороти роҳандозии ҳамапурсие ба ин монанд дар навори Ғаззаи Фаластин оғоз шудааст. Дар ин бора бахши русии Маркази информатсионии Фаластин ахиран иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки ба ин гуруҳи ташаббускор шаҳрвандони Русия шомиланд, ки дар ин шаҳри зери муҳосирамонда зиндагонӣ мекунанд. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ дар қаламрави ин маҳдуда ҳудудан то 50 ҳазор рустаборони ҳаёт ба сар мебаранд ва аксари онҳо хонумони русе мебошанд, ки замоне ба фаластиниҳо издивоҷ кардаанд ва ҳоло ҳам шиносномаи русӣ ҳам фаластинӣ доранд.

"Маскав эълон кард, ки шаҳрвандонашро дар ҳар гӯша аз хоки Сайёра ҳимоят мекунад. Ин боз дар ҳолест, ки мо муддати солҳои тӯлонӣ бо пушти сар гузоштани таҳдидҳои фазоянда аз ҷониби Исроил дар ин қаламрав зиндагонӣ мекунем. Ва агар навори Ғазза дар тобеъияти Русия бошад, ин ҷо марзҳои мустаҳкаме пайдо мешаванд, ки Исроил ва Миср ҷуръат нахоҳанд кард, нақз намоянд",- омадааст дар хабари гуруҳи ташаббускор. Дурии Ғазза аз Русия муҷиби он намешавад, ки райъпурсӣ доир нашавад. Гуруҳи ташаббускор гуфтааст, ки  ҷазираҳои Гибралтар ва Фолклендо низ аз Британияи Кабир дуранд, вале моли он маҳсуб мешаванд. Ва ин гуруҳ бовар дорад, ки райъпурсӣ ба нафъи он анҷом хоҳад гирифт, - менависад манбаъ.  

***

Ҳафтаи гузашта президент Қирғизистон Алмосбек Атамбоев фармони истеъфои ҳукумати кишварашро имзо кард. Бино ба гузориши РИА "Новости" ҳукумат баъди он ки рӯзи сешанбе ҳизби сотсиалистии "Ата-Мекен" аз эътилофи ҳизби ҳоким хориҷ гардид, аз ҳам пош хӯрд. "Ата-Мекен" мегӯяд сарвазир Жанторо Сотиболдиев  баъди раҳоии қабл аз мӯҳлати раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ аз зиндон ҳақи маънавии сари қудрат будан надорад. Ин боз дар ҳолест, ки ҷинояткори раҳошуда аллакай қаламрави Қирғизистонро тарк кардааст. Аз сӯи дигар "Ата Мекен" даъво дорад, ки Сотиболдиев натавонистааст дар масъалаи афзоиши саҳмияҳои Қирғизистон дар кони тиллои Кумтор таъсир расонад.

***

Президенти Чеченистон Рамазон Қодиров дар рустои исроилии Абу-Гош масҷидеро бо номи падараш Ҳоҷӣ Аҳмад Қодиров ифтитоҳ намуд ва ба дунболи он бо шаҳрдори Байтулмуқаддас Нир Баракат мулоқот намуд. Сохтмони масҷидро ҳукумати Чеченистон маблағгузорӣ карда буд. Гуфта мешавад, ки сокинони ин русто ҳамагӣ се сол пеш огоҳ шудаанд, ки табаъаи чечен ҳастанд ва тасмим гирифтанд бо барқарории иртибот бо ватани бобоии худ масҷидеро бунёд кунанд. NEWSru Israel хабар додааст, ки и н масҷид бо ташаббуси президенти Чеченистон сохта шудааст. Ҳукумати ин кишвар баъди он ки фаҳмидаст сокинони ин деҳа маблағи зарурӣ барои бунёди ибодатгоҳро ҷамъоварӣ карда натавонистанд, қарор кардааст, ки онро мустақиман маблағгузорӣ кунад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi