10:35:09 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

14 миллион еврои Олмон барои ҳифзи саломатии модар ба Тоҷикистон

Ҳукумати Олмон барои Тоҷикистон барои татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи "Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак ва кӯмаки бетаъхири тиббӣ" 14 миллион евро ҷудо мекунад. Ҳуҷҷати расмии ин тасмимро 20 марти соли равон вазири рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар Шариф Раҳимзода ва намояндаи Бонки олмонии рушд (KfW) Кристина Лаабс имзо карданд.

modar-01020301020Аз вазорати ёдшуда ба "Рӯзгор" гуфтанд, ки ин муоҳада дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон амалӣ мешавад, ки соли 2012 имзо шудааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома ҳукумати Олмон аллакай 27,5 миллион евро ҷудо карда буд, ки сарфи системаи тандурустӣ ва барқарорсозии воҳидҳои кӯмаккунанда ба таваллуди занон дар бемористонҳои вилояти Хатлон шуд. Гуфта мешавад, ки марҳилаи чоруми кӯмакҳо сифати хизматрасониҳои тиббиро дар зоишгоҳҳо баланд мебардоранд ва теъдоди таваллуди атфол дар хона ва маргумири тифлонро коҳиш медиҳад. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi