19:36:14 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Дар сафорати Амрико ва берун аз он» аз чоп баромад

Нашриёти "Кайҳон" китоби нави нависанда, рӯзноманигор ва кинодраматурги шинохтаи тоҷик Муҳибуллоҳ Қурбон, зери унвони "Дар сафоратхонаи Амрико ва берун аз он" ба теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баровард. 

embassy america 665665Муаллиф муддати бештар аз 17 сол ба ҳайси мушовири сиёсии сафири ИМА дар Тоҷикистон кор кардааст, дар ин китоб кӯшидааст ба саволҳои посухталаби хонандаи тоҷик дар бораи ИМА посух додааст. Ҳамчуноне аз сарсухан пайдост, муаллиф тӯли ин муддат се маротиба ба ИМА, ду бор ба Бангладеш ва якборӣ ба Афғонистон, Австрия, Олмон ва Қазоқистон сафари хидматӣ рафтааст.

Аз хотироташ пайдост, ки пайваста бо сафирон ва кормандони дигари баландпояи дипломатии амрикоӣ ва меҳмонони сафоратхона ба манотиқи мухталифи кишвар сафарҳо доштааст. Ва он чӣ навиштааст, аз дидаву шунидаҳои худи ӯ ва рӯйдодҳое, ки шоҳидаш будааст.

Дар китоб қиссаҳои ҷолиби "Тоҷикон дар Амрико", "Ришва баъди аз кор рафтан", "Амрикоро кӣ сарватманд карду кӣ фурӯхт?", "Зани сафири ИМА-ро дар роҳи Рашт кӣ парронданӣ шуд?", "Барои ба Амрико рафтан чиҳоро бояд донист?", Чаро хабаркашро дар Амрико қадр мекунанд?, "Як пиёла чои амрикоӣ", "Ташаккур аз қаҳвае, ки... нанӯшидам..." гирдоварӣ шудаанд.

Муҳибуллоҳ Қурбон, рӯзноманигор, нависанда ва кинодраматург шинохта шудааст, ки пеш аз ин чор китоби қиссаву ҳикояҳо, ду сенарий барои филмҳои ҳунарии "Маҳбуб" (1989) ва "Соҳил"(2012) навишта ва нашр кардааст.

"Дар сафорати Амрико ва берун аз он" бо сифати олии китобдорӣ чоп шуда, хоҳишмандон метавонанд онро аз мағозаҳо ва дуконҳои китобфурӯшии шаҳри Душанбе дастрас кунанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi