04:03:46 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Русия дар намоиши байналмилалии китоби Эрон

Русия аввалин бор дар намоиши байналмилалии китоби Теҳрон, ки чоршанбеи гузашта ифтитоҳ ва қарор аст 10 майи соли равон ба анҷом расад, ширкат мекунад. Гӯшаи Русия дар ин намоишгоҳ "Иртибот миёни ду назм: Русия ва Эрон" номида мешавад ва дар он наздик ба 30 нашрияҳои ин кишвар маҳсулоти худро пешкаш мекунанд.

kitob_658114554.jpgНамоиши байналмилаии китоби Эронро имсол бештар аз 5 миллион нафар тамошо мекунанд. Иртиботи фарҳангӣ миёни Эрон ва Русия таърихи қадимӣ дошта соли 1796 бо аввалин тарҷумаи намунаи шеъри форсӣ бо забони русӣ оғоз шудааст. Дар нимаи дуюми асри  XIX века - "Асри тиллоӣ"-и адабиёти рус адабиёти шифоҳӣ ва хаттии Эрон ба шоирони машҳури Русия  Пушкин, Майков, Тютчев, Фета ва дигарон таъсири мусбат расондааст. Тибқи иттилои сафорати  Русия дар Теҳрон ба ин намоиш бештар аз 600 номгӯй китоб аз классикони адабиёти рус ва шоирону нависандагони муосири он иштирок доранд. 

Леонардо ди Каприо дар нақши Стиф Ҷобс

di-caprio 2656112Эҳтимолияти иҷрои нақши асосгузори  Apple Стив Ҷобс аз ҷониби Леонардо ди Каприо афзудааст. Коргардони филми тарҷумаиҳолии ин шахсияти барҷаста Дэнни Бойл гуфтааст, ки ҳама ҷанбаҳои наворбардорӣ ҳал шудааст ва танҳо нуктае, ки мавриди ихтилофи назар аст, ин ҳаққулзаҳматест, ки коргардон талаб кардааст. Аммо то ҳол муоҳадаи расмӣ ба имзо нарасидааст. Ин боз дар ҳолест, ки Ди Каприо аллакай барои ширкат дар филми Гонсалес Иняррит "Арвоҳ" ризояти худро эълон кардааст. Қарор аст  наворбардории ин филм моҳи сентябр оғоз гардад.

Пичес Гелдоф аз истеъмоли барзиёди героин ҳалок шуд

atars-544587665.jpgЗебосанам, сароянда ва барандаи машҳури Британя  Пичес Гелдофи 25-сола бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди героин аз олам гузаштаст. Нашрияи британиёӣ  The Times хабар додааст, ки Пичес Гелдоф 7 апрел фавтида буд, аммо он замон сабаби марги мармузи сароянда таҳқиқ нашуда буд. Баъдтар пулис эълон кард, ки ҳангоми азназаргузоронии хонаи хоби модел нишонаҳои маводи мухаддир ва номаи пешазмаргиро пайдо накард. Ҳарчанд натиҷаи ниҳоии ташхис маълум нест, вале аллакай дар бораи истеъмоли аз меъёр зиёди героин иттилоъ дода мешавад.

Пичес 11-сола будааст, ки модараш Пола Йейтс, барандаи машҳури телевизион аз истеъмоли барзиёди героин ҳалок шуда буд. Пичес Гелдоф дар Лондон ба дунё омадааст ва аллакай дар 11-солагӣ шеър менавишт ва ашъораш дар нашрияҳои "The Daily Telegraph" ва "The Guardian" чоп мешуд. Ду маротиба ба шавҳар баромад. Аввал бо Макс Драмми ва баъдан бо сароянда Томасом Коэн издивоҷ кард. Аз Томас соҳиби ду писар шудааст.

Дар Волгоград "Суруши Сталинград"-и устод Қаноат чоп шуд

qanoat-4578121221.jpg"Суруши Сталинград"-и шоири маъруфи тоҷик устод Муъмин Қаноат бо забони русӣ дар шаҳри Волгогради Русия бо кӯшиш Олга Безбодорова, сарвари Клуби дӯстии интернатсионалии ин шаҳр чоп шудааст. Вай дар сарсухан овардааст, ки ҳанӯз аввали солҳои 80 асри гузашта бо ҷумлае аз ҷавонон ба Тоҷикистон рафта буд ва бо муаллифи достон дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буд.

"Аз он вақт ба инҷониб мо ӯро дӯст доштем ва достони ӯро бо гузашти даҳсолаҳо дар мо мехонанд, дар озмунҳо ва ҷашнвораҳо пораҳое аз онро қироат мекунанд. Вале ахиран теъдоди он хеле кам шуд ва эҳтиёҷ пайдо гашт, ки дар остонаи ҷашни пирӯзӣ онро муҷаддадан интишор диҳем", -гуфтааст ӯ.

"Суруши Сталинград" аз беҳтарин достонҳои устод Қаноат буда, ҳанӯз соли 1971 қадршиносӣ шуд ҷоизаи давлатии СССР-ро соҳиб гардид. Он бо чандин забони дунё тарҷума ва нашр шудааст. 

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi