09:05:21 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Китоби нави Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ нашр гардид

Дар арафаи рӯзи "Озодии сухан" ва ҷашни "Байналмилалии матбуоти озод" маҷмӯаи раиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода бо номи "Озодӣ ва масъулияти сухан" мунташир гашт.

ozodi-va-sukhan-54455.jpgДар маҷмӯаи мазкур масоили озодии матбуот ва риояти меъёҳои ахлоқӣ, ҳамзамон нақзи ҳуқуқи журналистон ва масъалаҳои матбуот ба ВАО матраҳ шудааст. Муаллиф дар ин маҷмӯа аз вазъи ВАО ва озодии сухан дар Тоҷикистон сухан намуда, дар ин замина таъкид менамояд: "Воқеаву ҳодиса, равандҳои вобаста ба гардиши озодии баёну истиқлолхоҳии матбуот баррасиву тафсирушда, андешаҳои дар зимн баён гардида ба марҳилае тааллуқ дорад, ки вазъи озодии баён ва ҳам фаъолияти матбуоти даврӣ дар кишварамон оганда ба зуҳуроти зидду нақиз буданд".

Бояд таъкид кард, ки бо вуҷуди дар вақт ва фазои мухталиф эҷод шудани мақолаву гузориш оид ба таҳлили вазъи озодии сухан ва дурнамои рушди он, дақиқан умдатарин масоили номбурда аз ҷониби муҳаққиқ Шарифзода Қироншоҳ ба баррасӣ гирифта шудааст.

Гуфтанист, ки маҷмӯаи номбурда суханрониҳо ва навиштаҳои муаллифро, ки дар солҳои 2010-2013 дар конфронс, маҳфилҳои ихтисосӣ ва нашрияҳои чопӣ ироа ва мунташир гаштаанд, дар бар мегирад.

Маҷмӯаи мазкур дар нашриёти "Ирфон" бо теъдоди 500 нусха бо маблағи худи муаллиф чоп шудааст.

Дар зимн, маҷмӯаи мазкур барои омӯзиши рӯзноманигорони ҷавон ва кормандони матбуот ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

Шервони УМРИДДИН, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi