01:11:10 03-уми Июни 2025 сол

БО КӮШИШИ САФИРИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН «ГӮШАЕ» БОЗ «АМРИКОӢ» ШУД

 

 

 9 апрели соли 2009  сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Трейси Энн Ҷейкобсон дар шаҳри Қӯрғонтеппа якҷо  бо мири шаҳр Изатуллоҳ Зоиров дар маросими ифтитоҳи маркази фарҳангӣ-иттилоотии  мавсум ба «Гӯшаи америкоӣ» ширкат кард.

 

Ба гуфтаи хонум Ҷейкобсон, ки дар ҳузури нахустин муштариёни  ин марказ ба забони  тоҷикӣ  сухан гуфтааст, чунин «Гӯшаҳои амрикоӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб  маъмулан дар назди китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои маданӣ -равшаннамоӣ  аллакай фаъолият мекунанд.  Дар назар аст, ки моҳи июни соли равон чунин «Гӯша» дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ низ ба фаъолият пардозад.

Дар ҳоли ҳозир дар тамоми гӯшаву канори дунё, азҷумла бо шумули  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон 360 чунин «Гӯшаи амрикоӣ»,  фаъолият мекунанд. «Гӯшаи амрикоӣ»-е, ки  дар кӯчаи Ваҳдат 25, шаҳри Қӯрғонтеппа  бо мусоидати  сафорати ИМА ба фаъолият шурӯъ кард, дорои Интернети ройгон, китобхона ва таҷҳизоти  зарурӣ барои тамошои филмҳо ва шунидани  суруду мусиқӣ мебошад.

Хонум Ҷейкобсон дар рафти ин сафар аз сӯйи раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов расман ба ҳузур пазируфта шудааст.  Миёни онҳо сухан аз боби таҳкими муносибатҳои дутарафа рафтааст,- гуфта мешавад дар хабаре, ки сухангӯйи сафароти ИМА  имрӯз дастраси хабарнигорон кардааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854