| БО КӮШИШИ САФИРИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН «ГӮШАЕ» БОЗ «АМРИКОӢ» ШУД |
| Хабар - Хабар | |
| 10.04.2009 11:51 | |
|
9 апрели соли 2009 сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Трейси Энн Ҷейкобсон дар шаҳри Қӯрғонтеппа якҷо бо мири шаҳр Изатуллоҳ Зоиров дар маросими ифтитоҳи маркази фарҳангӣ-иттилоотии мавсум ба «Гӯшаи америкоӣ» ширкат кард.
Дар ҳоли ҳозир дар тамоми гӯшаву канори дунё, азҷумла бо шумули кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон 360 чунин «Гӯшаи амрикоӣ», фаъолият мекунанд. «Гӯшаи амрикоӣ»-е, ки дар кӯчаи Ваҳдат 25, шаҳри Қӯрғонтеппа бо мусоидати сафорати ИМА ба фаъолият шурӯъ кард, дорои Интернети ройгон, китобхона ва таҷҳизоти зарурӣ барои тамошои филмҳо ва шунидани суруду мусиқӣ мебошад. Хонум Ҷейкобсон дар рафти ин сафар аз сӯйи раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов расман ба ҳузур пазируфта шудааст. Миёни онҳо сухан аз боби таҳкими муносибатҳои дутарафа рафтааст,- гуфта мешавад дар хабаре, ки сухангӯйи сафароти ИМА имрӯз дастраси хабарнигорон кардааст. «Рӯзгор»
|






