10:12:16 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 25 26 27 28 29
30            

Хоруғ. Эътирози "ҷомеаи шаҳрвандӣ" аз матолиби расонаҳои давлатӣ

Намояндагони «ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Хоруғ мегӯянд, ки онҳо имрӯз дар вокуниш ба нашри мақолаву гузоришҳои интиқодӣ дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ доир ба ҳодисаҳои Бадахшон, эътироз хоҳанд бурд.

khorugh-badakhshon 634874Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон гуфт, ки имрӯз онҳо ҳамроҳ бо намояндагони худ дар Кумиссюни муштараки тафтиши ҳодисаҳои рӯзҳои 21-25 майи Хоруғ ба хотири нашри мақолаву гузоришҳои танқидӣ дар расонаҳои ҳукуматӣ доир ба ҳодисаҳои Хоруғ эътироз хоҳанд бурд.

Алим Шерзамонов рӯзи 27-уми май ба мо гуфт, ки аз ҷараёни тафтишоти ҳодисаҳои рӯзҳои 21-25 майи Хоруғ аз тарафи Кумиссюн муштарак қонеъ ҳастанд, вале ба хотири ин, ки сарфи назар аз тавофуқоте ҳосил шуда, расонаҳои давлатӣ оид ба нооромиҳои ахири Хоруғ мақолаву гузоришҳои танқидӣ ва бидуни далел нашр мекунанд, онҳо ба Кумиссюни муштарак ба намояндагони мақомомти ҳукуматӣ эътироз хоҳанд кард.

Вай гуфт, ки қабл аз оғози кори Кумиссюни муштарак дар мулоқот бо ёвари президент генерал Шералӣ Хайруллоев ва вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода тавофуқ ҳосил карданд, ки "то анҷоми пурраи тафтишоти ҳодисаҳои ахири дар расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба ҳодисаҳо баҳогузорӣ карда нашавад, вале тайи ин чанд рӯз дар расонаҳои ҳукуматӣ чандин мақолаву гузоришҳо ба чоп расид, ки дар онҳо мардуми айбдор дониста шуда мақомоти умури доиила сафед карда шудаааст."

Аммо ҷаноби Шерзамонов ба таври мушаххас дар кадом нашрияи ҳукуматӣ нашр шудани чунин мақолаҳоро мисол наовард. Вай афзуд: «Феълан ҳайати Кумиссюни муштарак ба таҳқиқи ҳодисаҳои рӯзҳои 21 ва 24 май идома дода истодааст, ки тафтишоти ҳаводиси махсусан ҳамин рӯзҳо ба суолҳои мо ки дар талабнома пешниҳод карда шудааст, ҷавоби дақиқ хоҳад дод.»

Вай афзуд, ки аз ҷараёни кори кумиссиюн қонеъанд ва мунтазири натиҷаи тафтишот мебошад. Вай гуфт, фазои Хоруғ муътадил аст ва мардум ба зиндагии маъмулии худ идома медиҳад.

Як гурӯҳи сокинони Хоруғ аз рӯзи 21 май дар паи ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 6 тани дигар дар як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ ба нишони эътироз биноҳои милисаву амният ва додситониро оташ заданд ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони тирпарронии хунинро талаб карданд. Дар хушунатҳои баъдӣ боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд. Мақомот гуфт, ин тирпаронӣ дар пайи дастгир кардани як гурӯҳи гумонбарон дар муомилоти маводи мухаддир рух дода буд.

Эътирозгарон рӯзҳои 21-22 -23 ва 24-уми май дар майдони назди ҳукумати вилоят гирди ҳам омада талаб карданд, ки ҳодисаи тирпаронӣ мунсифона баррасӣ шуда, муҷримони тирпаронӣ ба ҷазо кашида шаванд. Аммо яке аз талаби мардуми гирдиҳамомада ин буд, ки ҷавонони ҳамлагар ба биноҳои ҳукумат, ки оташ заданд аз ҷавобгарӣ озод ва гирдиҳамоии онҳо қонунӣ дониста шавад. Ин талабе буд, ки аз тарафи мақомот пазируфта нашуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi