06:03:50 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Китоби адиби тоҷик бо забони русӣ дар Олмон чоп шуд

Повести адиби тоҷики муқими Русия Ҳабиб Саид бо номи "Итальянец, тетя и Золушка" (Марди итолёвӣ, хола ва Золушка") дар нашриёти "YAM Publishing"-и Олмон ба табъ расид.

habib-saidov-booke

Дар сарсухани китоб омадааст, ки  аслан ин як қиссаи хеле ҷолиби муҳаббат аст. Дар он аз марди итолявӣ, ки тақдир ӯро ба рустои дурдасти Русия овардааст, ҳикоят мешавад. Дар бораи холаи ӯ, ки мегӯяд як сталинпарасти ашадист ва ҳақиқатҷӯест, ки зидди капитализм муборизаи беамон мебарад, нақл мекунад.

Дар бораи ҷияни ӯ, зебосанам Золушка, ки мактаб ва шогирдони худро девонавор дӯст медорад. Дар бораи пешхизмати майзада, ки ваъда кардааст ин марди итолявиро ба як Ивони рус табдил кунад, низ ривоят мекунад.

Дар ин қисса аз як вакили шуҷоъи мардум низ ривоят шудааст, ки барои ишқ омода аст ҳар имтиҳонро пушти сар гузорад. Муаллиф ҳамчунин дар бораи шаҳраки музофотии Кувандик нақл мекунад, ки бо садҳо мушкилаш барои зодагони он макони муқаддасу мукаррам дониста мешавад. 

Ҳабиб Саид як нависандаи тозабаёни тоҷик аст, ки баъди оғози ҷанги дохилӣ дар Русия зиндагӣ ихтиёр кардааст. Зодаи шаҳри Душанбе буда, баъди хатми Донишгоҳ муддате дар нашрияҳои гуногуни кишвар фаъолият кардааст, дар радиои ҷумҳурӣ шореҳи сиёсӣ буд.

Аввалин маҷмуъаи ҳикояҳои ӯ соли 1992 чоп шудаанд. Баъди рафтан ба Русия повесту қиссаҳо ва ҳикояву эссеҳои худро бо забони русӣ эҷод кард ва як маъруфияти хосаро дар доираи хонандагонаш пойдо намуд. Нигоштаҳояшро бештар дар блогҳои худ ҷой медиҳад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi