11:59:55 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Садоқати саг

Соли 1924 профессори ҷопонӣ бо исми Ҳидесабура Юено, ки дар донишгоҳи Токио дарс мегуфт, рӯзе дар истгоҳи метро сагчаеро мебинад. Онро ба худ мегирад ва номи "Ҳачико"- "Ҳашт адад"-ро мегузорад.

sagi-vafodor-458411«Ҳачико» ҳар рӯз барои гусели профессор то ба истгоҳи метро меояд. Рӯзе профессор баъд аз кор дар истгоҳ сагашро мебинад ва ҳайрон мемонад. Саг чунон боақлона рафтор кардааст, ки соати баргашти соҳибашро ба назар гирифта ба пешвозаш омадааст. Саг ҳар субҳ профессорро то истгоҳи метро гусел мекунад ва шом дар истгоҳи метро пешвозаш мегирад. Ду сол саг ҳар рӯз рафторашро чунин идома дод.

Аммо рӯзе ҳарчанд интизор мешавад, вале соҳибаш аз кор барнамегардад. Се шом мегузарад, аммо соҳибаш пайдо намешавад. Мутаассифона, бадбахтӣ рух дода буд. Соҳибаш професор Ҳидесабура дар донишгоҳ сактаи дил мешавад ва мемирад. Аммо он саги бовафо бехабар аз марги соҳибаш ҳар шом профессорро дар истгоҳи метро интизор мешавад.

Дувоздаҳ соли саг бад ин минвол дар интизориҳо мегузарад. Билохира ӯ худ рӯзе дар ҳамин истгоҳ ҷон медиҳад. Одамони зиёде қиссаи ин саги бовафоро медонистанд. Аз ин рӯ дар ҳамон истгоҳе, ки интизорӣ мекашид, баъди маргаш ҳайкалашро рамзи садоқати саг ба инсон гузоштанд.

Субҳон Қурбонов, аз саҳифаи фейсбукиаш

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi