16:49:37 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон: Таъсири марги Луи Замперини ба Анджелино Ҷолӣ

Майкл Ҷексон баъди маргаш 700 миллион доллар кор кардааст

jeckson 545465454Маҷаллаи Forbes даромади ситораи поп Майкл Ҷексонро дар панҷ соли баъди маргаш ҳисоб кардааст ва ба ин натиҷа расидааст, ки аз маъруфияти ӯ коста нашудааст. Дар ин панҷ сол Ҷексон тавонистааст бештар аз 700 миллион доллар кор кунад. Маълум шудааст, ки ин сарояндаи машҳур басо соҳибкори соҳибтаҷриба будааст. Вай дар умраш чандин муоҳадаи тиҷоратии муваффақонаро имзо крада, соҳиби даромади зиёд шудааст. Чунончӣ, соли 1985 вай 50 дар сад каталоги сурудҳои ширкати  Sony / ATV Music Publishing-ро харид, ки то ҳол ба номи ӯ фоида меоранд. "Майкл Ҷексон ҷаҳонбинии хуби тиҷоратӣ дошт. Вай ба таври муттасил корхонаҳоеро мехариду мефурӯхт, - гуфтааст Кевин Лайлс, собиқ сарвари ширкати Def Jam Recordings.

Таъсири марги Луи Замперини ба Анджелино Ҷолӣ

anghelina-joly 455445Ситораи синамои Ҳоливуд Анҷелино Ҷолӣ аз марги ширкаткунандаи Олимпиадаи соли 1936-и Берлин, Қаҳрамони ҷанги дуввуми ҷаҳон Луи Замперини (Lou Zamperini), ки прототипи қаҳрамони филми нави ӯ буд, изҳори ҳамдардӣ кардааст ва гуфтааст, ки аз ин рӯйдод такон хӯрдааст: "Ин талафоти пешбининашаванда аст. Мо ҳамеша аз ӯ миннатдорем, ки ошноӣ бо ӯ зиндагонии моро рангин кард. Мо ӯро ёд хоҳем кард",- гуфтааст Ҷолӣ.

Замперини 97 сол дошт. Хонаводаи варзишгари маъруф гуфтааст, ки вай бар асари бемории пневмония аз олам даргузашт.  Филми Ҷолӣ "Шикастнопазир" аз сарнавишти ӯ ҳикоят мекунад. Вай ҷавонтарин ширкаткунандагони он Олимпиада ва ба муҷарради оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар неруҳои ҳавоии ИМА хизмати аскарӣ кард.

Соли 1943 ҳавопаймое, ки дар он Луи парвоз мекард, дар уқёнуси Ором сарнагун шуд. Муддати 47 рӯз вай мунтазири он буд, ки касе ӯро наҷот медиҳад. Вақте ба соҳил расид, ба асорати ҷопониҳо уфтод. Ва ду соли дигар он ҷо монд. Дар ИМА гумон краданд, ки Луи мурдааст, вале баъди торумор шудани Ҷопон вай ба ИМА баргашт. Қарор аст филм аз сарнавишти ӯ 25-уми декабри соли 2014 намоиш дода шавад.

Лохан созандагони бозии маъруфро ба додгоҳ кашид

lindsay-lohan 54451212Ҳунарманди амрикоӣ Линдси Лохан созандагони бозиеро, ки акнун хеле маъруфият дорад, ба додгоҳ кашидааст. Вай мегӯяд дар ин бозӣ хоставу нохоста бидуни мувофиқа ва розигии ӯ образи вай тасвир шудааст. Духтари виртуалӣ, ки дар ин бозӣ ширкат мекунад, аз назари сурат хеле ба Линдси шабоҳат дорад. Ҳатто дар ин бозӣ аз меҳмонхонае ёд мешавад, ки дар ҳақиқат боре Линдси 46 ҳазор доллар ҳақи будубоши худро пардохт накарда, фирор намуда буд. Лохан мегӯяд акнун инро чунин намемонад ва кӯшиш хоҳад кард дар мурофиаи додгоҳӣ пирӯз ояд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi