22:07:53 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Даргузашти Ҷонибеки Акобир

Ҷонибеки Акобир, аз намояндагони барҷастаи "насри кӯҳистонӣ" дар адабиёти тоҷик, рӯзи 25 июл дар синни 62 ба зиндагӣ падруд гуфт. Ҷонибеки Акобир, яке аз адибони шинохтаи муосири Тоҷикистон рӯзи 25  июл дар синни 62 даргузашт. Ҷонибеки Акобир дар солҳои охир аз асароти сактаи мағзӣ азоб мекашид, вале бо ин вуҷуд то замони маргаш ҳамчун сардабири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” кор мекард.

jonibeki-akobir-45545Саттор Турсун, адиби шинохтаи тоҷик рӯзи 25 июл дар сӯҳбат бо мо даргузашти Ҷонибеки Акобирро як талафоти бузург барои адабиёти тоҷик номид ва гуфт, “Ҷонибек як инсони хубу нависанди хубе буд. Тақдири инсонҳои оддӣ дар ҳолатҳои мухталифи чӣ иҷтимоӣ ва шахсӣ ва чӣ сиёсиро мавзӯи асосии ҳикояҳои ӯ буд. Кӯшиш мекард, то рисолати асосиии адабиётро, ки дар маркази таҳқиқаш инсон аст, ҳамеша ба ҷо биорад. Ва ӯ аз ангуштшумор адибонест, ки ин рисолатро иҷро карда тавонистааст. Ҳайф ва Худо раҳматаш кунад!”

Қодиршоҳи Мурувват, аз фарҳангиёни тоҷики муқими Қирғизистон дар номаи тааслияташа аз Бишкек навиштааст: “Устод Ҷонибек Акобир - нависандаи хушсалиқа ва муҳимтар аз ҳама инсони поку шариф буданд. Ҷои эшон дар саҳифаи насри муосири тоҷик холӣ мемонад.”

Шоири тоҷик Исфандиёри Назар дар саҳифаи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” дар бораи даргузашти Ҷонибеки Акобир навишт: “Адабиёти точик бо зоеаи аз даст додани нависандаи тавоно устод Ҷонибек Акобир садамаи бузург дид. Ин гузашти асафборро ба ҳамаи пайвандону алоқамандони осори марҳум тасаллият мегӯям.”

Ҷонибеки Акобир аз нависандаҳои хушноми тоҷик буд, ки асосан ҳикоя менавишт. Ӯро аз намояндагони барҷастаи ба истилоҳ “насри кӯҳистонӣ” дар адабиёти тоҷик медонанд ва мегӯянд, Ҷонибеки Акобир тавонистааст дар ҳикояҳояш образи сокини ба сурати умум софдилу содадили кӯҳистонро хуб тасвир кунад.

Ҷонибеки Акобир соли 1952 дар рустои Рӯшании ноҳияи Комсомоболод(Нуродоби ҳозира) ба дунё омада, риштаи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ҷонибеки Акобир дар солҳои 80 ва авоили солҳои 90 ба ҳайси мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” кор мекард. Ӯ соли 1992 як муддат сухангӯи кафили раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров буд. Ҷонибеки Акобир дар поёни солҳои 90 сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” таъин шуд ва ба гуфтаи адибон, тавонист ин маҷалларо, ки дар солҳои 90 дучори рукуд шуда буд, дубора ба по бихезонад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар муаррифии китоби охирин ӯ бо номи “Қаламҳои кӯҳистонӣ”, ки силсилаи ҳикояҳо ва ҳам қиссае бо номи “Бозии тақдир”-ро дар бар мегирифт, навишта буд, ки “Хонандагони тоҷик ӯро ба сифати «нависандаи кӯҳистонӣ» хуб мешиносанд ва нақди адабӣ низ Ҷонибекро ба ҳайси нависандаи чирадаст ва тасвирсоз муаррифӣ кардааст. Дар чакидаҳои қалами Ҷонибек Акобир чизи муҳиме, ки пеш аз ҳама, диққати хонандаро ба худ ҷалб месозад, забони навиштаҳои ӯст. Забони асарҳои нависанда саршор аз калимоти ноби тоҷикианд, ки мутаассифона, имрӯз аз истифодаи аҳли қалам берун монда, дар шеваи гуфтугӯйии мардуми кӯҳистон маҳфуз мондаанд.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi