Таҳдидоти амниятӣ алайҳи Осиёи марказӣ пас аз соли 2014
Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон муътақид аст, ки пас аз соли 2014 ва хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон, таҳдидоти амниятӣ алайҳи кишварҳои Осиёи марказӣ ташдид хоҳад шуд. Ба гузориши сойти 24.kg, женерол Ҳасанбек Оламхоҷаев ин матлабро тайи нишасти хабарии ахири худ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баён кардааст.
Вай бо ишора ба эҳтимоли ташдиди авзои амниятии Афғонистон пас аз соли 2014, бар зарурати тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кардааст. Зеро ба гуфтаи вай, эҳтимол дорад марзҳо мавриди таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир қарор гирад.
Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҳадаф аз баргузории размоиши муштараки нерӯҳои низомии кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ дар Қирғизистонро нишон додани тавони ин нерӯҳо барои муқобила бо таҳдидоти амниятӣ дар Осиёи марказӣ унвон карда аст.
Размоиши муштараки низомиёни Русия, Белорус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таҳти унвони "Дӯстии халалнопазир – 2014" аз 29 июл то аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад.