14:44:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

"Хеш"-и Саддом Ҳусейн марзшиканӣ кардааст?

Як мард, ки гӯё аз пайвандони Саддом Ҳусейн, раҳбари собиқи Ироқ аст, аз давлати Тоҷикистон хостори паноҳандагии сиёсӣ шудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон боздошти марди хориҷиеро, ки худро аз наздикони Саддам Ҳусейн муаррифӣ мекунад, тасдиқ намуд, вале мегӯяд, ки то ҳол аз ӯҳеҷ дархости паноҳандагиро дастрас накардааст.

sarhad 36565122Ба гуфтаи Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, "хеши Саддом" танҳо ба воситаи намояндагии Созмони Милали Муттаҳид метавонад аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ кунад ва агар чунин иқдом ба вуқӯъ пайвандад, мақомоти Тоҷикистон аризаи ӯро баррасӣ хоҳанд кард. Гап сари марде меравад, ки баъд аз убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Фархор боздошт шуда, худро Абдуллоҳ ибни Аҳмад ал-Арабия номид ва гуфт, хостори дарёфти паноҳандагӣ дар сарзамини Тоҷикистон аст.

Маҳмадсаид Изатуллоев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор мегӯяд, ҳангоми убури марз ва вориди ноҳияи Фархор шудан ин шаҳрванди Ироқ аз сӯи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ боздошт шудааст. Ӯ бо ҳафт забон, аз ҷумла, форсӣ озодона сӯҳбат мекунад ва ҳангоми пурсиш гуфтааст, ки ӯ аз пайвандони Саддом Ҳусейн буда, дар замони ҳукумати ӯ дар Хадамоти ҷосусии Ироқ кор мекардааст: «Аз хешони Саддом Ҳусейн будааст. Соли таваллудаш 1967. Бо ҳафт забон озодона сӯҳбат мекунад. Мо инро маълум кардем ва то имрӯз дар бораи шахсияташ чизе маълум набуд. Бо худ ҳам ҳуҷҷате надошт», гуфт Маҳмадсаид Изатуллоев.

Ӯ меафзояд, пас аз барканорӣ ва қатли Саддом Ҳусейн, Абдуллоҳ ибни Аҳмад ҳашт сол зиндонӣ шуд ва пас аз раҳоӣ ба Афғонистон фирор кард.

mahmadsaid-izzatulloev 5466Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии Фархор мегӯянд, ин хоҳиши шаҳрванди Ироқ ба таври шифоҳӣ сурат гирифтааст ва пас аз анҷоми пурраи омӯзиши шахсияташ ба ӯ чунин иҷоза дода хоҳад шуд. Маҳмадсаид Изатуллоев, мегӯяд, ҳоло ин ҳарфҳояш аз омӯзиши пешакӣ хулоса мешавад ва ба хотири халал наёфтани раванди тафтишот наметавонад, ҳама ҷузъиётро ба пуррагӣ бигӯяд.

Дар ҳамин ҳол аз ҷониби кормандони БДА боздошт шудани шаҳрванди Ироқ дар наздикиҳои хатти марз суолҳоеро дар мавриди ҳифзи сарҳади давлатӣ ба бор овардааст. Ин шаҳрванди Ироқ аз Афғонистон аз мавзее убур кардааст, ки ду посгоҳи марзбонӣ дорад. Яке дар ноҳияи Фархор ва дигаре дар Ҳамадонӣ.

Маҳмадлатиф Зоғов, масъули нерӯҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, барои боздошти марзшикан тамоми мақомоти интизомӣ ва сокинони оддӣ масъуланд. Ӯ боздошт нашудани ин шаҳрванди Ироқро дар хатти аввали марз як тасодуф медонад. Ба гуфтаи ҷаноби Зоғов, ҳоло бархе аз системаҳои хабардиҳӣ дар марз навсозӣ мешавад ва пас аз ин марзбонҳо дар зудтарин фурсат аз вуруди марзшиканон огаҳӣ пайдо хоҳанд кард. Ӯ меафзояд, «дар замони ҳукумати Шӯравӣ системаи хабардиҳӣ хеле фаъол буд. Аммо ин система пас аз фурӯпошии Шӯравӣ хароб шуд ва ҳоло навсозӣ мешавад. Бо ин вуҷуд, мо аз даҳҳо ҳолати сарҳадшиканӣ пешгирӣ мекунем ва марзшиканон боздошт мешаванд».

Аз боздошти шаҳрванди Ироқ рӯзи 14-уми июл сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ хабар дода буд, аммо аз ҷузъиёти он чизе ба нашр нарасидааст. Ба иттилои сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин мардро дар деҳаи Ғалабаи ноҳияи Фархор боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқи парвандаи "хеши Саддом Ҳусейн" идома дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi