23:26:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфт. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ вазирони корҳои хориҷии ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.

muloqoti-vaziron-45896556Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро яке чорабиниҳои асосии соли раёсати худ дар ин созмон мешуморад”.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ин ҷаласа мавзӯъҳо ва муҳтавои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муайяну мушаххас мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла изҳор дошт: “ин созмон дар роҳи ба минтақаи сулҳу субот, дӯстӣ, шукуфоӣ ва рушди бонизом табдил додани минтақаи мо дорои имконоти васеи ҳанӯз истифоданашуда мебошад” ва таъкид дошт: “мусоидат ба татбиқи босамари чунин имконот аз ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон аст”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “мо дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир бояд мавқеи ҳамсону ҳамоҳангшуда дошта бошем”.

Дар робита ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор гардид, ки “дар ояндаи наздик бояд мувофиқасозии омилҳои ташкил ва ба кор даровардани Хазинаи рушд (Ҳисоби махсус) ва Бонки рушди Созмони ҳамкории Шанхай бояд ба итмом расонда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2015 ва дигар санадҳои мавриди муҳокима қарордошта то ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои ин созмон омода гардида, ба таҳким ва густариши ҳамкории судбахш мусоидати фаъол мекунанд.

President.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi