22:04:16 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Адвокат Зафар Қурбонов ба ришваситонӣ муттаҳам шуд

Оҷонсии зидди фасод вакили дифоъ Зафар Қурбоновро ба ришваситонӣ муттҳам карда ва парвандаи ӯро ба Додситонии кулл фиристод.

zafar-qurbonov-487124545Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи вакили мудофеъ Зафар Қурбонов дар заминаи ришваситонӣ дар ҳаҷми махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноӣ), боз шудааст. Зафар Қурбонов дар яке аз паравандаҳои ахир аз ҳуқуқии собиқ сармуҳосиби ширкати воридкунандаи маводи сӯхт «Умед 88» - Амирбек Суфиев, ки дар хориҷқарор дорад, пуштибонӣ мекард.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррпусия рӯзи 4 уми август ба мо гуфт, ки вакили мудофеъ Зафар Қурбонов бо ҳадафи поён додани бозҷӯӣ дар ширкати «Умед 88»,  дар робита ба фаъолияти сармуҳосиби пешини он Амирбек Суфиев, аз намояндаи ин ширкат З.Бобоев 10000 доллар талаб кардааст ва дар таърихи 27 майи соли ҷорӣ талош дошт 8 ҳазори ин маблағро дар назди бинои коллегияи адвокатҳои «Сипар» ба даст биёрад.

Тавре Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Зафар Қурбонов барои ҳимояи ҳуқуқҳои сармуҳосиби пешини «Умед 88» - ширкати воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон, аз Амирбек Суфиев 5 ҳазор доллар гирифта, бар асоси маълумотномаи Суфиев оид ба вазъ ва фаъолияти молиявии ширкат ба Додситонии кулл, Палатаи ҳисоб, ва Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аризаҳо пешниҳод намуда, тафтиши вазъи ширкатро талаб кардааст.

Тавре Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Зафар Қурбонов дар ивази 8000 доллар як ҷилд санаду ҳуҷҷатҳои марбут ба ширкати «Умед 88»-ро дар дафтари коллегияи адвокатҳои «Сипар» ба намояндаи ин ширкат З.Бобоев таслим кардааст. Оҷонсии зидди фасод парвандаи Зафар Қурбоновро дар авохири ҳафтаи гузашта, бо ҷурми ришватситони дар ҳаҷми махсусан калон ба Додситонии кулл ирсол додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi