18:01:49 09-уми Июни 2025 сол

Иштирок дар рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави панҷошёнаи онро ифтитоҳ намуд ва дар тантанаҳои рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ширкат варзида, бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

dushanbe_ruzi_donish_85233.jpgДар ҷараёни шиносоӣ бо шароити таълимии дар бинои нав муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он аз панҷ ошёна ва таҳхонаи босамар истифодашаванда иборат буда, бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудааст. Бинои нави донишгоҳи мазкур барои факултаҳои Технология, Роману олмонӣ ва Англисӣ пешбинӣ шудааст. Тавре иттилоъ доданд, пештар дар ин донишгоҳ танҳо як факултаи забонҳои хориҷӣ мавҷуд буд.

Ҳоло бошад барои ин ҳадаф ду факулта таъсис дода шуда, дар факултаи Англисӣҳамзамон шуъбаҳои англисию чинӣ ва англисию кореягӣ низ кушодаанд. Чунонки аён гардид, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои чор сӯйи олам робитаҳои судбахши ҳамкорӣ ба роҳ мондааст ва насли навраси кишвар аз имконот пурсамар истифода бурда, ба омӯзиши забонҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон камар бастаанд.

Дар факултаи Технология барои омӯзиши ҳунарҳои зебои мардумӣ ва ташкили дурусти дарсҳои он шароити бисёр хуб, аз ҷумла барои омодасозии рассомону тарроҳони либос ва мутахассисони гулдӯзию зардӯзӣ, муҳайё гардидааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии соҳаҳои илму маорифи кишвар ва нақшаҳои ояндаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самти фаъолият таҳлилу баррасӣ карда, таълиму тарбияи дуруст ва ҳадафноки насли наврасро аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат номид ва талаб намуд, ки барои шарафманд шудан ба ин ҳадафи воло аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда ва муҳайёшаванда самарбахш истифода баранд.

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ бо маҳфили пурсишу посух ва баррасии таклифу пешниҳодҳои ба миён гузошташуда идома ёфт.

Манбаъ: http://president.tj/

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854