17:55:36 09-уми Июни 2025 сол

Даргузашти Даврон Алиматов, ҳунарпешаи тоҷик

Рузи душанбе, 1 сентябр Даврон Алиматов, ҳунарпеша ва овозхони шинохтаи тоҷик дар 64-умин соли умраш бар асари норасоии қалбӣ дар шаҳри Сочии Русия, аз олам даргузашт.

davron-alimatov-457889Дустон ва наздиконаш мегӯянд, ки пас аз бемории тулонӣ ва анҷом додани амали ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон оқои Алиматов барои таъғири обуҳаво ва беҳтар намудани вазъи саломаташ ба шаҳри Сочии Русия сафар кардааст ва торихи 1 сентяб дафъатан вазъи саломаташ бад шуда аз олам даргузаштааст.

Тибқи иттилоъи наздикон ва ҳамкорон маросими видоъ бо оқои Алиматов фардо 3 сентябр дар бинои теотри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, ки қисмати умдаи фаъолияти ҳунарии худро ӯ дар ин теотр гузарондааст.

Оқои Алиматов фориғуттаҳсили ГИТЕС, донишгоҳи теотрии шаҳри Маскав буда аз нахустин ҳунарпешаҳое дар баробари Шодӣ Солеҳ, Тағоймурод Розиқов, Гулсара Абдулоева, Раҷабгул Қосимова, Дилбар Умарова ва Мавлуда Обидова буд, ки нахустин ҳунарпешаҳои теотри "Ҷавонон"-и шаҳри Душанбе буданд ва наздики 40 сол ҳамчун ҳунарпешаи теотр ва овозхон фаъолият дошт.

Шавкат Халилов, коргардони теотри ҷавонони шаҳри Душанбе мегӯяд: "Ман Даврон Алиматовро, аз замони кор карданаш дар теотри дар он замон ба номи Пушкин ва имрӯз Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд мешиносам ва ӯ на танҳо ҳунарпешаи теотр балки овозхони муваффақ низ буданд."

Ҳамчунин Даврон Алиматов дар синамо низ нақшҳои зиёде офаридааст аз ҷумла дар филмҳои "Қасоси пайғамбар", сохтаи синамогарони тоҷику суриягӣ, филми "Ҳодисае дар фурудгоҳ" , "Ҳеҷбудагон" ва боз чанд филми синамогарони тоҷик ва Русия.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854