18:12:35 09-уми Июни 2025 сол

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон

Имрӯз Президенти кишвар ЭмомалӣРаҳмон Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амонро ба ҳузур пазируфт.

mfa malaysia-547878Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба ва тавофуқоти судманд, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.

Зарурати таъсиси ҳарчи зудтари комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ ва фаъол намудани он ва ҳамчунин ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ ва байнисоҳавӣ таъкид гардид.

Мусоидат ба густариши робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусӣ ва соҳибкории ду кишвар низ басо муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки барои ин, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз, даромад ва сармоя бояд ба имзо расонда шавад.

Бо қаноатмандӣ аз робитаҳои судбахши ду кишвар дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия, таъкид гардид, ин таҷриба бояд густариш дода шавад.

Зарурати рушди ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дигар соҳаҳои ояндадор низ таъкид гардид. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Манбаъ: http://president.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854