06:17:21 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов

Мулоқоти басо муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов анҷом дод.

muloqot-karimov-5496556Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Бешубҳа, муносибот бо Узбекистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Узбекистони бародар, тавсиаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдорем”.

Сарони ҳарду давлат ба таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Бо таассуф зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007 то ба 2,1 миллион дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон метавонад беш аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад.

Зимни суҳбати созанда, ки дар фазои гарму самимӣҷараён гирифт, изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дӯстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд.

http://president.tj/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi