15:32:55 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳалокати Неъматуллову Мударрис дар сӯхтори Қӯрғонтеппа

Ин сӯхтор дар "Мясокомбинат" рух дода, ҷони ду ҷавонро гирифтааст, ки баъд аз анҷоми дарсашон барои кор ба он ҷо омада, шабро низ дар яке аз ҳуҷраҳояш сипарӣ мекардаанд.

sukhtor-32654521Мутахассисони Идораи оташнишонии Хатлон мушаххас кардаанд, сӯхтори корхонаи тавлиди гӯшту ҳасиби Қӯрғонтеппа, ки боиси ҳалокати ду донишҷӯ шуд, бар сари расидани ноқилҳо рух додааст. Сӯҳроб Қулмаҳмадов, сухангӯи Идораи оташнишонӣ гуфт, ин сӯхтор ба корхона 25 ҳазор сомонӣ зиёни молӣҳам расондааст. “Мутахассисони ташхисгоҳи Вазорати умури дохилӣ муайян карданд, ки сабаби сӯхтор расидани ноқилҳо будааст. Инҷо донишҷӯён кор мекарданд ва ҳамзамон зиндагӣ менамуданд. Тафтишоти ин ҳодиса идома дорад”,-афзуд ӯ.

Сӯхторе, ки шаби 19 ба 20 сентябри соли ҷорӣ дар корхонаи тавлиди гӯшту ҳасиби Қӯрғонтепапа рух дод, ҷони Неъматулло Ҳусейнов ва Мударриси Рауф, донишҷӯёни соли дувуми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппаро гирифт. Неъматулло дар бахши физикаю математика ва Мударрис дар факултаи филология таҳсил мекардаанд. Маҳмад Шодиев, раиси Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ба ҳар кадом хонаводаи ин донишҷӯён 1000 сомонӣ кумак карда, харҷи расонидани ҷасадҳоро низ, ки яке аз ноҳияи Вахшу дигаре аз Қумсанир будаанд, ба зимма гирифтаанд.

Ҳоло Раёсати умури дохилӣ, додситонӣ ва идораи оташнишонӣ дар вилояти Хатлон дар мавриди ин сӯхтори маргбор парванда боз намуда, тафтишотро идома медиҳанд. Ба гузориши идораи оташнишонӣ, то кунун Фахриддин Муҳиддинов, роҳбари сехе, ки оташ гирифтааст, мавриди бозпурсӣқарор гирифтааст.

Дар ҳаминҳол гурӯҳе аз донишҷӯён мегӯянд, пайкари ҳамсабақони онҳо – Неъматуллову Мударрис ба тамом сӯхтаву дар шиносоияшон мушкил кашидаанд. Сабаби зиёд сӯхтани онҳо дар хоб монданашону зуд аланга гирифтани ашёи пластикии корхона арзёбӣ мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi