17:59:37 09-уми Июни 2025 сол

Коҳиши содирот ва афзоиши воридот дар Тоҷикистон

Дар ҳоле, ки мизони содирот дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол то кунун 12 дарсад коҳиш ёфта, миқдори воридот бо афзоиши 20 дарсадӣ рубарӯ шудааст.

import-export-454545Ба гузориши радиои тоҷикӣ ба нақл аз сойти Азия плюс", мақомоти Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом кардаанд,  дар 9 моҳи гузашта тирози тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ манфӣ буда ва мизони воридот  бар содирот афзоиш дошта аст.

Ин гузориш арзиши колоҳои содиршуда аз Тоҷикистонро дар ин муддат 777 миллион доллар эълом карда ва афзуда аст: "Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат барои воридоти маҳсулоти мухталиф ба Тоҷикистон 2 миллиарду 700 миллион доллар ҳазина шудааст".

Дар гузориши ин ниҳод таъкид шуда аст, дар 9 моҳи гузашта Тоҷикистон бо 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 86 кишвари хориҷӣ равобити тиҷорӣ ва табодули арзу коло дошта аст.

Дар ин муддат Русияи  бо як миллиард доллар, Қазоқистон бо 600 миллион доллар, Чин бо 592 миллион доллар ва Туркияи  бо 456 миллион доллар арзиши муомилоти тиҷорӣ, аз шарикони аслии иқтисоди Тоҷикистон будаанд.

http://tajik.irib.ir/

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854